Ба домоде, ки дар вақти тӯй ба пушти гардани арӯс зарба зада буд, мутобиқи моддаи 183 (Майдаавбошӣ”)-и Кодекси ҳуқувайронкунии маъмурии Ӯзбекистон ҷазо таъин карда мешавад.
Тавре ки хабаргузории Фергана бо истинод ба Прокуратураи генералии ин кишвар хабар медиҳад, дар ин моддаи Кодекс аз 3 то 5 нишондиҳандаи барои ҳисоб ( 1 нишондиҳанда 300 ҳазор сӯм ё 27 доллар) ҷарима ё ҳабси маъмурӣ то 15 шабонарӯз ҷазо пешбинӣ шудааст.
Ин ҳодиса дар як тӯй рӯзи 6 июн дар ноҳияи Узуни вилояти Сурхондарё рух дода, пас аз нашри навори видеои он дар шабакаҳои иҷтимоӣ сарусадоҳои зиёде ба бор овард.
Баррасии ин воқеъа ба берун аз ҳудуди Ӯзбекистон роҳ ёфта, аз ҷумла он мавриди таваҷҷуҳи маҷалллаи маъруфи Bild-и Олмон қарор гирифт.
“Барои бархе ин рӯзи хушбахтӣ ва оғози ҳаёти оилавӣ аст. Лекин барои аксарияти занони ҷаҳон ин танҳо ҳушдори оғози сафар ба дӯзахи ҳаёти оилавист”, - навиштааст ин нашрия рӯзи 14 июн дар робита ба ин ҳодиса.
Пештар хабар дода будем, ки ин ҳодиса ду сол пеш рух дода, пас аз ин кор волидони арӯс духтарашонро ҳамон лаҳза аз тӯй мегиранд ва маросими издивоҷро бекор мекунанд. Инчунин зикр шуда буд, ки ҳозир ҳар ду қаҳрамонони навор бо оилаҳои нави худ зиндагӣ доранд.
Лекин аксҳои аз ҷониби хадамоти матбуоти Прокуратураи генералӣ нашршуда маълумотҳои дар ВАО нашршударо дар бораи аз ҳам ҷудо шудани навхонадорон рад мекунанд. Бо навхонадорон ва волидонашон суҳбатҳо гузаронида шудааст.