Президенти пешини Қирғизистон Аскар Акаев дар шарҳи ҳодисаҳои моҳи январи Қазоқистон гуфт, эътирозҳо дар кишварҳо замоне сар мезананд, ки раҳбарон пешравӣ накунанд.

Тавре ки Хадамоти хабарҳои Осиёи Марказӣ иттилоъ медиҳад, Акаев 19 июн барои ироаи маърӯза ба Донишгоҳи миллии Қазоқистон рафта буд ва дар посух ба суоли хабарнигори бахши қазоқии Радиои Озодӣ дар ин бора чунин изҳори назар кард:

"Ба назари ман, ҳар як халқ, ҳар як миллат мехоҳад, ҳар замон ба сатҳи нави рушду тараққӣ бирасад. Ин як раванди табиӣ аст. Метавон гуфт, ки ин рӯйдодҳо баъзан бе эътирози иҷтимоӣ мешаванд, агар роҳбарон тараққипарвар бошанд. Аммо агар роҳбарон ақибнишинӣ кунанд, мардум низ эътироз мекунанд. Тавре мебинед, ин ҳодисаҳо боиси воқеаи таърихӣ — раъйпурсӣ гардид, ки дар он мардуми Қазоқистон дар назди худ мақсади нав — барпо намудани ҷумҳурии нав, шукуфон, одилона ва нерӯманд гузоштанд". ​

Қобили зикр аст, ки дар пайи эътирозҳои мардумӣ дар Қирғизистон 24-уми марти соли 2005 Аскар Акаев пас аз 15 соли раҳбарии ин кишвар маҷбур шуд, ба хориҷ фирор кунад. Хонаводаи Акаевҳо ба Русия паноҳ бурда, то ҳол ба ватан барнагаштаанд ва дар онҷо зиндагӣ мекунанд. Баъди фирори Акаев зидди аъзои хонаводаи ӯ парвандаҳои ҷиноӣ кушода шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.