Нашрияи бритониёии The Economist нӯҳ кишвари ҷаҳонро номбар кардааст, ки ба далели афзоиши қимати маҳсулоти хӯрокворӣ ва воситаҳои энергия дар 12 моҳи оянда дар онҳо эҳтимоли нооромиҳо вуҷуд дорад.

Дар байни ин 9 кишваре, ки дар онҳо эҳтимоли баланди ба вуҷуд омадани бетартибиҳо вуҷуд дорад, ду кишвари Осиёи Маракзӣ номбар шудаанд. Тоҷикистон дар ин рӯйхат зикр нашудааст.

Дар маводи нашрия мушкилоти ҷойдоштаи марбут ба амнияти озуқаворӣ ва энергетикӣ дар ҷаҳон бар асари пандемия ва муноқишаи низомии Русия ва Украина мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Қирғизистон ба рӯйхати кишварҳое шомил шудааст, ки соли наздиктарин дар он рух додани нооромиҳо аз эҳтимол дур нест. Сатҳи пешгӯйиро коршиносон баланд арзёбӣ мекунанд.

Ба ҷуз Қирғизистон, ки ҳимоя аз ҳуқуқ ва озодиҳо барои мардумаш кори муқаррарист, ба ин рӯйхат ба таври ногаҳонӣ Туркманистон низ шомил гардидааст, ки маъмулан мардуми он ба ҳама азобу уқубати зиндагӣ сабрро пеша мекунанд.

Ҳамчунин дар Покистон, Туркия, Перу ва 4 кишвари Африқо - Миср, Тунис, Уганда ва Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ низ буҳрони иҷтимоӣ-сиёсӣ ба амал омада метавонад.

Муаллифи ин нашрия менависад, дар 30 соли истиқлолияти давлатӣ дар Қирғизистон се раисиҷумҳур аз мақомашон барканор шудаанд.

Дар назар аст, ки болоравии арзиши маҳсулоти хӯрокворӣ ва воситаҳои энергетикӣ, ки қисмати зиёдаш аз Русия ворид мешавад, ба бесуботиҳо боис шуда метавонанд.

Дар маҷмӯъ вобастагии зиёди Қирғизистон аз Русия, аз ҷумла вобастагӣ аз интиқоли пули муҳоҷирон ба ватан зикр мешавад.

Дар робита ба Туркманистон гуфта мешавад, бар асари идоракунии бесамари иқтисод, дар ин кишвар, кайҳост, ки камбуди ғизо ба мушоҳида расида, маҳдудиятҳои муайяне ҷорӣ шудаанд.

Гуфта мешавад, масалан, агар касе аз миқдори муқарраршуда зиёдтар нон харад, метавонанд ӯро ба муҳлати 15 шабонарӯз ба ҳабс гиранд.

Аммо муаллиф ягон ваҷҳу далеле намеорад, ки сабри хоксорона ва тобоварии мардуми туркманро ба ин буҳрон гувоҳӣ диҳад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.