Дар бағочи мусофири яке аз хатсайрҳо, ки ба фурудгоҳи Тошканд омад, 50 тимсоҳчаҳо (крокодилҳо)-и зинда дарёфт шуд, хабар медиҳад Кумитаи давлатии гумруки Ӯзбекистон.

Бино ба маълумоти Кумита, мард тимсоҳчаҳоро дар якчанд контейнерҳои пластикӣ байни сабзиву лимон ва банан, инчунин дигар сабзавоту мева пинҳон кардааст.

Контейнерҳо бо фолга печонида шуда буданд, то ки азназаргузаронии онҳо ва сабти ҳаракати тимсоҳҳо дар сканер душвор шавад.

Гуфта мешавад, аз рӯи ин далел тафтишот роҳандозӣ шуда, сабабҳои бо кадом мақсад ба Ӯзбекистон овардани ин миқдор тимсоҳча таҳқиқ мешавад.

Қаблан зикр гардида буд, ки дар Ӯзбекистон нигаҳдории ҳайвоноти ваҳшӣ ва заҳрнокро дар хонаҳо бидуни иҷозати Кумитаи давлатии экология манъ кардан мехоҳанд.

Дар лоиҳаи қонун ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ худсарона нигаҳдории ҳайвоноти ваҳшӣ ва заҳрнок бидуни иҷозатномаи Кумитаи давлатии экология ва ҳифзи муҳити зист манъ мешавад. Рӯйхати ҳайвоноти манъшуда аз ҷониби Девони вазирон тасдиқ карда мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.