Чанде аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Қирғизистон рӯзи 5 сентябр дар назди бинои Вазорати фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сиёсати ҷавонон алайҳи консертҳои пешбинишудаи ҳунармандони маъруф аз Русия, аз ҷумла консерти овозхони писандидаи ин кишвар Филипп Киркоров даст ба эътироз заданд. Дар ин бора портали Centralasian.org хабар медиҳад.

Фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ Ондуруш Тӯхтаносиров (Токтонасиров), рӯзноманигор Замир Осоров, инчуин роҳбари созмони «Борьба за мир» (Мубориза барои сулҳ) Валерий Булашов аз ҷумла гирдиҳамомадагон мебошанд.

“Мо зидди ҷанг ҳастем. Ва зидди ба Қирғизистон омадани сарояндагон аз кишвари таҷовузгар”, - изҳор доштааст Тӯхтаносиров.

Ондуруш Тӯхтаносиров
Сурат аз vb.kg

Баргузории консерти овозхони Русия Филипп Киркоров дар Бишкек рӯзи 3 ноябри ҳамин сол ба нақша гирифта шудааст.

“Ман террорист нестам ва ҷангро таблиғ намекунам, шаҳрванди қатории фаъоли Қирғизистон мебошам ва ба омадани ҳунармандони Русия муқобилам, ки аз ҷанг дар Украина дастгирӣ мекунанд... Ман зидди даъвати гурӯҳи “Город-312” дар ҷашни Рӯзи истиқлолияти Қирғизистон будам. Чаро маҳз онҳоро даъват карданд? Чаро София Ротаруро даъват накарданд... Даъвати ҳунармандоне, ки ҷангро дастгирӣ мекунанд, чӣ лозим аст. Президенти мо Садир Жапаров изҳор намуд, ки Қирғизистон мавқеи бетарафиро ишғол мекунад, ба ин тариқ усули (принсипи) бетарафӣ риоя намешавад...”, - гуфтааст Тӯхтаносиров.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.