Сомонаҳои бахши қирғизии Радиои Озодӣ ("Азаттик Медиа") то замоне, ки мақолаи баҳсиро аз пойгоҳашон пок накунанд, баста мемонанд. Вазорати фарҳанг ва иттилооти Қирғизистон муҳлати баста шудани сомонаҳои Радиои Озодӣ дар Қирғизистонро тамдид кардааст.
Хабаргузории “Кактус медиа” аз қавли Салкин Сарногоева, сардори шуъбаи сиёсати иттилоотии Вазорати фарҳанги Қирғизистон менависад, ки дар қонунгузорӣ муҳлати баста шудани сомонаҳо зикр нашудааст ва танҳо баъди пок кардани мавод сомона дастрас хоҳад шуд.
Вазорати фарҳанги ин кишвар охири моҳи октябр сомонаи бахши қирғизии Радиои Озодӣ дар Қирғизистон барои ду моҳ баст.
Гуфта мешуд, ки ин сомона дар танишҳои марзӣ дар моҳи сентябр “барқасдона тарафи Тоҷикистонро гирифт”. Вале Ҷейми Флай, президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, ин даъвои ҷониби Қирғизистонро қотеъона рад кард.
Ин даъвои Вазорати фарҳангу иттилооти Қирғизистон аз навори рӯзи 16-уми сентябр пахш кардаи телевизиони “Настояшее Время” аст, ки раҳбарияти Радиои Озодӣ гузоришро ба ҳама меъёр посухгӯ медонад.
“Пас аз баррасии муҳтавои мавриди баҳс, ҳеч гуна нақзи меъёрҳоро мушоҳида накардем. Мо таслими фишор барои ҳазфи гузоришҳои баробарвазн аз сайтҳои худ нахоҳем шуд, чӣ аз сӯи Кремл бошад ва чӣ аз сӯи ҳукумати Қирғизистон”, - гуфтааст Ҷейми Флай.
Гуфтан ба маврид аст, ки тибқи гузоришҳои созмонҳои ҳуқуқи башар, баъди ба қудрат расидани Содир Ҷабборов, дар моҳи октябри соли 2020, фазои озодии баён дар Қирғизистон бадтар шудааст.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон дар масъалаи мушаххассозии хати сарҳад миёни ду кишвар баҳсҳои шадид доранд ва баъзан ин баҳсҳо боиси сар задани муноқиша дар сарҳад низ мешавад. Охирин муноқишаи мусаллаҳона дар сарҳади ин ду кишвар 14-17-уми сентябри соли ҷорӣ рух дод, ки дар натиҷаи он аз ҳар ду ҷониб даҳҳо нафар куштаву садҳо каси дигар захмӣ шуданд.
Шиносномаи дохилиро гум кардед? Чӣ тавр метавон шиносномаи нав гирифт?
Тотористон барои таҳсили тоҷикистониён дар коллеҷҳо 100 квота ҷудо кард
Ҳамлаи бесарнишинҳо кори фурудгоҳҳои Маскавро ба таъхир андохт
Мушакборони ғарби Сурия ва куштори 16 нафар. Сурия Исроилро гунаҳкор кард
“Вазифа”-и нави Шоҳрух Саидзода чист ва чӣ салоҳият дорад?
Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон барои муайян кардани хатти марз
Боздошт ва ҳабси чор ҷавон барои муноқиша дар маркази Душанбе
Тоҷикистон “рӯйхати ҷинояткорон”-е, ки дар Туркия қарор доранд, ба ВКД ин кишвар дод
Ҷашни Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак!
“Заволи пиряхҳо” – филми мустанад оид ба хатари обшавии пиряхҳои Тоҷикистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста