Шоми рӯзи 24 январ дар шаҳри Фарғонаи Ӯзбекистон як зани ҳомиладор ҳангоми муноқиша бо шавҳараш дар дохили автомашинаи Matiz худро оташ зад. Тавре ки ба UzNews.uz сухангӯи Прокуратураи генералӣ хабар додааст, байни зану шавҳар, ки тибқи шариат никоҳ доштаанд, вақти аз таваллудхона баргаштан муноқишаи лафзӣ ба миён омадааст.

Вақте ки дар назди варзишгоҳи “Нефтчӣ” мошини онҳо таваққуф мекунад, зан аз зарф (баклажка) ба сару тани худ ва шавҳараш бензин мерезад. Мард тарсида, аз мошин худро берун мегирад, зан бошад, бо оташафрӯз (зажигалка) худро оташ мезанад.

Дар натиҷа зани ҳомиладор ҳалок мешавад.


Кормандони хадамоти оташнишонии ба ҷойи ҳодиса ҳозиршуда оташро хомӯш карда, табибони мошин ёрии таъҷилӣ талош варзидаанд, ки кӯдаки навзоди писари занро наҷот диҳанд, лекин ӯ дар бемористон фавтидааст.

Мақомоти прокуратураи Фарғона нисбати мард мутобиқи моддаи “то худкушӣ расонидан” парвандаи ҷиноятӣ боз намудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.