Додгоҳе дар Остона собиқ раиси КДАМ-и Қазоқистонро бо гуноҳи “хиёнат ба давлат” ва “талоши ғасби қудрат” дар ҳодисаҳои моҳи майи соли 2022 ба 18 соли зиндон маҳкум кард. Дар ин бора матбуоти Қазоқистон хабар дод.
Додгоҳ инчунин амр дод, ки ҳама моликияти Карим Масимов мусодира ва тамоми умр аз ҳақи дарёфти мақоми давлатӣ маҳрум шавад. Се муовини Масимов ба мӯҳлатҳои каме поинтари зиндон маҳкум шуданд. Парванда пушти дарҳои баста баррасӣ шудааст.
Масимовро дар авҷи эътирозҳои мардумӣ ва беназмиҳои мусаллаҳона дар чанд вилояти Қазоқистон ҳабс карданд. Ӯ баландтарин мақомдори ҳукумат буд, ки аз рӯи он ҳодисаҳо ба ҷавобгарӣ кашида шуд.
Масимовро наздиктарин шахси собиқ президент Нурсултон Назарбоев меномиданд.
Бисёр ҷузъиёти ҳодисаҳои январи соли 2022, ки дар натиҷаи он беш аз 200 нафар кушта шуд, ҳанӯз номуайян боқӣ мемонад. Яке аз фарзияҳое, ки дар ҷомеаи Қазоқистон фаъолона баррасӣ мешавад, ин аст, ки эҳтимолан Назарбоев ва Масимов манфиатдори ташкили ин ҳодисаҳо буданд. Бисёр наздикони Назарбоев баъдан ба ҷавобгарӣ кашида шуданд. Вале расман мақомот масъулияти ин ҳодисаҳоро ба дӯши “нирӯҳои беруна” вогузор карданд.



Масъуди Пизишкиён гуфт, Эрон бо кадом шарт ба кишварҳои ҳамсояаш ҳамла намекунад. Рӯзи ҳаштуми ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
"Азия-Плюс" ба зиндони занонаи Норак беш аз 500 китоб тақдим кард ва бо шароити маҳбусон шинос шуд
Ҷасади Таҳминаи 21-соларо баъди як моҳи бедаракшавӣ дар наздикии марз бо Ӯзбекистон аз дарё пайдо карданд
"Moody’s" мавқеи соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистонро як зина беҳтар арзёбӣ кардааст
Бордорконии "ЭКО" дар Ислом – иҷоза аст ё мамнӯъ? Муфтии Тоҷикистон посух дод
Қариб 290 шаҳрванди Тоҷикистон то шоми 6-уми март аз Эрон берун шудаанд
“Беморон ранҷ кашиданд”. Нақли тоҷиконе, ки дар авҷи ҷанг аз Эрон ба Тоҷикистон баргаштанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 марти соли 2026
Наздики 120 шаҳрванди Тоҷикистон бо як парвози чартерӣ аз Дубай ба Душанбе баргаштаанд
Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Додгоҳи олӣ, Додситонии кул ва ВКД тағйироти кадрӣ анҷом дод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста