Аз моҳи январ то апрели соли равон аз ширкатҳои хориҷӣ ба буҷети Қирғизистон дар шакли ба истилоҳ “андоз аз Google” зиёда аз 58,5 млн сом (668 ҳазор доллар) маблағ ворид шуд, хабар медиҳад Akchabar.kg.
Гуфта мешавад, маблағи мазкур 24,5 маротиба зиёдтар аз нишондиҳандаи 4 моҳи аввали соли 2022 (2,4 млн сом ё худ 27 ҳазор доллар) аст.
“Афзоиши пардохтҳо аз рӯи Андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) аз ҷониби ширкатҳои хориҷӣ самаранокии “андоз аз Google”-ро нишон медиҳад”, - хулоса мекунанд коршиносон.
Бино ба маълумоти Хадамоти давлатии андози Қирғизистон, соли гузашта танҳо якчанд ширкатҳои бузурги хориҷии IT (технологияҳои иттилоотӣ) аз қабили Яндекс Go ва Adobe ба буҷети ҷумҳурӣ беш аз 85 млн сом (970 ҳазор доллар) маблағ интиқол доданд.
Шумори андозсупорандагон (резидентҳо) ҳам зиёд мешавад. Агар дар нимаи моҳи октябри соли 2022 15 корхонаи хориҷӣ ба сифати андозсупоранда ба қайд гирифта шуда буданд, пас дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар рӯйхати мазкур 39 ширкат номнавис шудаанд.
“Андоз аз Google” дар Қирғизистон барои ташкилотҳои хориҷие, ки ба корбарони маҳаллӣ аз хориҷи кишвар хидматрасонии электронӣ пешниҳод мекунанд, аз 1 январи соли 2022 ҷорӣ шуда буд.
Дар Тоҷикистон чӣ?
Тағйироти вобаста ба “андоз аз Google” дар Тоҷикистон ҷиҳати андозбандии ширкатҳои хориҷӣ барои пешниҳоди хидматрасониҳои электронӣ аввали соли 2021 мавриди амал қарор гирифтанд.
То охири соли 2021 аллакай 21 чунин андозсупор ба қайд гирифта шуд.
Ширкатҳои хориҷӣ аз қабили Google, YouTube, Facebook, Instagram, Apple ва дигарон соли 2021 ба Тоҷикистон зиёда аз 2 млн сомонӣ (беш аз 159,9 ҳазор доллар) ААИ аз ҳисоби даромад аз хидматрасониҳои электронӣ пардохт намуданд.
Дар зарфи 6 моҳи соли 2022 аз ҳисоби ширкатҳои хорҷии машғул ба пешниҳоди хидматрасониҳои электронӣ дар Тоҷикистон ба буҷети давлатии ҷумҳурӣ зиёда аз 1,5 млн сомонӣ (146 ҳазор доллар) ААИ пардохт шуд.
Маълумоти соли гузашта ва ҳамчунин давраи панҷ моҳи соли равон дар ин бора дасрас нест.
Тибқи маълумоти Кумитаи андоз, то 1 августи соли 2022 дар низоми андози Тоҷикистон 23 ширкати хориҷии машғул ба хидматрасонии электронӣ, аз ҷумла Google Commerce Limited, Meta Platforms Irland Limited, Apple Distribution International Limited, Netflix International B.V., Amazon Web Services EMEA SARL ва дигарон ба қайд гирифта шудаанд.
Хидматрасониҳои электронӣ аз фурӯши китобҳои электронӣ ва дигар файлҳои медиавии электронӣ (мундариҷаи рақамӣ), интиқоли ҳуқуқҳо барои истифодаи барномаҳо, таблиғ (реклама), дастгирии сайт, нигоҳдорӣ ва коркарди иттилоот, омор, домен ва хостинг, дастрасӣ ба системаҳои ҷустуҷӯӣ, соҳаи IT ва ғайра иборатанд. Яъне ҳамаи ин хизматрасониҳое, ки тавассути Интернет пешниҳод карда мешаванд.
Мувофиқи Кодекси андози Тоҷикитсон, ки аз 1 январи соли 2022 мавриди амал қарор гирифт, меъёри стнадартии ААИ барои ширкатҳои хориҷие, ки мустақиман ё бавосита (ба воситаи агентҳои худ) ба шахсони воқеӣ тариқи онлайн хидматрасониҳо пешниҳод мекунанд, 15%-ро ташкил медиҳад.
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста