Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури тозаинтихоби Ӯзбекистон зимни як ҷаласаи худ аз фаъолияти 2 раиси шаҳр ва 10 ҳокими ноҳия интиқод карда, фармони барканории онҳоро содир кард.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раиси ҷумҳури Ӯзбекистон дар телеграм-канали худ иттилоъ дода, менависад, ки ҷаласаи мазкур вобаста ба ҷалби сармояи хориҷӣ ба кишвар доир гардид ва дар он Шавкат Мирзиёев аз фаъолияти 2 раиси шаҳр ва 10 ҳокими вилоят барои фароҳам наовардани шароити мусоит ҷиҳати ҷалби сармояи хориҷӣ интиқод кардааст.
Аз ҷумла, роҳбарони ноҳияҳои Амударё, Қӯрғонтепа, Бухоро, Миришкор, Чироқчӣ, Хатирчӣ, Пайариқ, Оқолтин, Гулистон, Оққӯрғон ва шаҳрҳои Навоӣ ва Янгийӯл барои нишондиҳандаҳои паст аз вазифаҳояшон озод карда шуданд.
“Ба Додситонии кулл ва Палатаи ҳисоб дастур дода шуд, ки фаъолияти ҳокимони мазкур санҷида шуда, утувории қонун таъмин карда шавад”, - менависад манбаъ.
Тибқи иттилои Хадамоти матбуоти раиси ҷумҳури Ӯзбекистон, имсол ҳадаф гузошта шуда буд, ки 20 миллиард доллар сармояи хориҷӣ азхуд карда мешавад.
Дар ин самт, баъзе аз шаҳру ноҳияҳо муваффақиятҳоеро соҳиб шудаанд ва тавонистаанд, миллионҳо доллар сармояи хориҷӣ ҷалб карда, барои 50 ҳазор нафар ҷойи кор офаранд.
Ба эҳтимоли ғолиб, ин натиҷа роҳбари тозатаъини Ӯзбекистонро қонеъ накардааст, аз ин лиҳоз ӯ даҳҳо роҳбарро аз вазифа озод карда, дастури санҷиши фаъолияти онҳоро додааст.
Бояд гуфт, Шавкат Мирзиёев ду рӯз қабл, 9-уми июл, дар интихоботи президентии Ӯзбекистон ғолиб эълон шуд ва барои 7 соли дигар президенти Ӯзбекистон интихоб гардид.
Рустам Ятимов аввалин футболбози тоҷик аст, ки дар финали Ҷоми Русия бозӣ мекунад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Оташи ҷонсӯз” қисми 2
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 16 майи соли 2025
“Орзуи давлати пирӣ дошт”. Писари Аловуддин Абдуллоев аз нақшаҳои бозмондаи падар ва идомаи роҳи ӯ гуфт
“Ҳар он кас, ки шоҳномахонӣ кунад…” Абулқосим Фирдавсӣ кӣ буд ва оё аз “Шоҳнома”-и ӯ байте медонед?
Раисҷумҳур ва шаҳрдори Душанбе аз сохтмони Театри миллӣ ва корхонаи “Акиа Авесто” боздид карданд
Барқи Осиёи Марказӣ: чаро он то ҳол "сабз" нест?
Марде, ки зану хушдоманашро бо табар кушта буд, 25 сол равонаи зиндон шуд
Як ҳайат аз Афғонистон барои ширкат дар нишасти “CASA-1000” ба Тоҷикистон омадааст
Дар бозии ситораҳои футболи Тоҷикистону Русия киҳо ширкат мекунанд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста