Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон имрӯз, 24-уми июл, Шавкат Мирзиёев, Президенти Ӯзбекистонро бо ҷашни зодрӯзаш табрик карда, ба ӯ “сиҳатмандӣ, хушбахтӣ, некӯаҳволӣ ва комёбиҳои нави азим дар татбиқи нақшаҳои давлатиашон ба нафъи мардуми бародари Узбекистон” таманно кард.
Ба навиштаи Хадамоти матбуоти сарвари давлат, раиси ҷумҳури Тоҷикистон нақши назарраси Шавкат Мирзиёевро дар рушди бемайлони иқтисодиву иҷтимоии кишвари ҳамсоя ва тақвияти мавқеи он дар арсаи байналмилалӣ таъкид намуда, ба Ӯзбекистони дӯст пешрафту шукуфоӣ хост.
Дар идомаи суҳбат, менависад Хадамоти матбуоти роҳбари давлат, президентҳо ҷанбаҳои алоҳидаи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Ӯзбекистонро баррасӣ намуданд. Дар ин зимн омодагии қатъии ҷонибҳо ҷиҳати таъмиқи муколамаи эътимодбахши байнидавлатӣ ва рушди минбаъдаи босамари муносиботи дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумони ду кишвар мавриди таъкид қарор гирифт.




“Таъини ректорро бо мо мувофиқа накарданд”. Муовини вазири маорифи Русия гуфт, маблағгузории Донишгоҳи славянӣ қатъ шудааст
Аз се шарти Пизишкиён барои поёни ҷанг то қабули қатъномаи СММ зидди Эрон. Охирин хабарҳо аз ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
Дар Чин дили бемори 9 кӯдаки тоҷикро ройгон ҷарроҳӣ мекунанд
Боздошти 7 тан бо гумони муомилоти 100 кг маводи мухиддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон
ФАВРӢ: Чаҳор муттаҳами асосии ҳамла ба "Крокус" ҳукми абад гирифтанд
Тавсияи Вазорати нақлиёт ба ронандагони тоҷик дар шароити номусоиди ҳаво
Вазорати саноат гуфт, ки чаро дар Тоҷикистон пӯст кам коркард мешавад
Як ҷавони 28-соларо дар Деваштич барои куштори падараш 19 сол равонаи зиндон кардаанд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 44
Кӯдакам рӯза медорад. Ман чиро бояд донам?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста