Шералӣ Ҷӯраев, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистону Ӯзбекистон шаби гузашта, 4-уми сентябр, дар синни 77-солагӣ дар шаҳри Тошканд аз олам даргузашт. Ҳампешагонаш дар Тоҷикистон аз ӯ чун овозхони маънисаро ва пайванде миёни халқи тоҷику ӯзбек ёд мекунанд.
Афзалшоҳ Шодиев, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва яке аз дӯстони Шералӣ Ҷӯраев мегӯяд, ки марҳум истеъдоди волои сарояндагӣ дошт ва дар бозхонии сурудҳои тоҷикӣ низ шӯҳратёр гашт.
Ба қавли Шодиев, Шералӣ Ҷӯраев аз солҳои 1970-ум ба майдони ҳунар ворид шуд ва дар муддати кӯтоҳ, аввал дар Тошканду Самарқанду Бухоро, баъдан дар Душанбе ва ҳавзаи ҳунарии кишварҳои Иттиҳоди Шӯравӣ обрӯ ёфт.
Ӯ меафзояд, ки донистани забони тоҷикӣ ва шеъру шуарои тоҷику форс ба Шералӣ Ҷӯраев кӯмак расонид, то дар дилу дидаи тоҷикон ҷой гирад.
“Шералӣ Ҷӯраев забони тоҷикиро бисёр нағз медонистанд ва бо мо комилан ба тоҷикӣ сӯҳбат мекарданд. Зиёд ба Тоҷикистон меомаданд ва бо устодони санъат робитаи танготанг доштанд. Мо низ ҳар вақте ба Ӯзбекистон мерафтем, ҳатман меҳмони Шералӣ Ҷӯраев мешудем. Яъне, намегузоштанд, ки робитаи тоҷику ӯзбек канда шавад ва пайванде миёни ин ду миллат буданд”, - мегӯяд Афзалшоҳ Шодиев.
Афзалшоҳ Шодиев таъкид мекунад, ки “замоне, ки садои овозхон дар Ӯзбекистон бо кадом сабабҳое маҳдуд гардид, мо зиёд ба Тоҷикистон даъват мекардем ва дар тӯю маъракаҳо ва дигар чорабиниҳо бологузар буданд. Робитаи мо ва қавлу бародарии тоҷику ӯзбек аз ду ҷониб мустаҳкам гардида буд”.
Ба гуфтаи Афзалшоҳ Шодиев, Шералӣ Ҷӯраев бо устодони назми муосири тоҷик Лоиқ Шераливу Гулрухсор ва устоди ҳунар Ҷӯрабек Муродов дӯстони хуб буд.
Шералӣ Ҷӯраев чандин оҳангҳои Ҷӯрабек Муродовро бозхонӣ карда, ба чандин шеъри Лоиқ Шералӣ ва Гулрухсор оҳанг бастааст, аз ҷумла суруди “Намак дар комҳо ширинтар аз шаҳду шакар гардад” яке аз сурудҳои тоҷикии сершунавандаи овозхон мебошад.
Аҳли ҳунару адаби тоҷик имрӯз аз даргузашти овозхони шинохта ва ба гуфтаи ҳамкасбонаш, намоди дӯстии ду миллат - тоҷикону ӯзбекон, андӯҳгинанд.
Сарояндагони тоҷик, аз ҷумла Ҷӯрабек Муродов ҳоло барои хайрбод бо Шералӣ Ҷӯраев ба Ӯзбекистон рафтаанд.
Имрӯз ӯро ба хок месупоранд.
Зиндагиномаи Шералӣ Ҷӯраевро дар ин матлаби мо бихонед.




Кадом беморон беҳтар аст, рӯза надоранд ва ҳангоми рӯзадорӣ кадом маризиҳо метавонанд хурӯҷ кунанд?
Иштироки омӯзгорони 4 донишгоҳи Тоҷикистон дар ҳамоиши байналмилалӣ дар Тошканд
Аз ҳамла ба киштии "Дена"-и Эрон дар уқёнуси Ҳинд то мавҷи нави ҳамлаҳо ба Эрону Исроил ва пойгоҳҳои Амрико
Расонаҳои Русия мегӯянд, ҳукми гумонбарони ҳамла ба “Крокус” 12-уми март дар ҳузури расонаҳо эълон мешавад
Соли гузашта дар кадом минтақаи озоди иқтисодии кишвар чӣ қадар маҳсулот истеҳсол шудааст?
Сокинони кишвар дар моҳи март чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Беш аз 200 кас аз Эрон ва зиёда аз 110 кас аз Иморот ба Ватан омаданд. Тоҷикистон шаҳрвандонашро аз Ховари Миёна бармегардонад
Дар пайи садамае дар Душанбе се ҷавони 25-сола ҷон бохтааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 40
Низои маҳдуд, шиддатгирии вазъ ва бесуботии дохилӣ дар Эрон. Се гузинаи таъсири ҷанг дар Эрон ба Тоҷикистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста