Дар Қирғизистон Адахон Мадумаров, вакили парлумон, раҳбари ҳизби "Бутун Қирғизистон" (Қирғизистони воҳид) боздошт шуд. Ба иттилои расонаҳо, ӯ бар асоси моддаи “Хиёнат ба давлат”-и Кодекси ҷиноии Қирғизистон, барои имзои протоколи соли 2009 бо Тоҷикистон, ки дар он гуфта мешавад, Қирғизистон замини Тоҷикистонро ба муддати 49 сол ҷиҳати сохтмони як қитъаи роҳи мошингарди Ош - Исфана ба иҷора гирифтааст, муттаҳам мекунанд.

Мо ба таърихи ин протокол рӯ овардем ва ҳамчунин, аз коршиносон пурсидем, ки боздошти Мадумаров чӣ маъно дорад ва оё боздошти ӯ метавонад ба раванди музокирот барои муайян кардани қитъаҳои баҳсбарангези марзи Тоҷикистону Қирғизистон таъсир расонад?

Адахон Мадумаров вакили чаҳор даъват, номзад ба мақоми президентии Қирғизистон дар интихоботи солҳои 2011 ва 2017, раҳбари ҳизби мухолифи "Бутун Қирғизистон" аст. Аз октябри соли 2008 то октябри соли 2009 раиси Шӯрои амнияти Қирғизистон буд.

Аз чап ба рост: Адахон Мадумаров, Садир Жапаров ва Қамчибек Тошиев

Таърихи протокол

Протокол дар бораи ба Қирғизистон ба иҷора додани қитъаи 275-метрии роҳи мошингарди Тоҷикистон барои сохтмони қитъаи роҳи Ош-Исфана соли 2009 имзо шуда буд.

Аз ҷониби Тоҷикистон протоколро Муродалӣ Алимардонов, муовини вақти сарвазири Тоҷикистон ва аз ҷониби Қирғизистон Адахон Мадумаров, котиби вақти Шӯрои амнияти Қирғизистон имзо карданд.

Протоколи иҷора дар асоси банди 5-уми Созишномаи байни ҳукуматҳои ду кишвар дар бораи хариди мутақобилаи қитъаҳои замин аз 18 майи соли 2005 ба имзо расидааст.

Дар матни созишнома зикр шуда буд, ки Қирғизистон барои бунёди хати интиқоли барқ-220 аз зеристгоҳи “Айгул-Тош”-и вилояти Бодканди Қирғизистон то зеристгоҳи “Конибодом” дар вилояти Суғди Тоҷикистон ва дар навбати худ Тоҷикистон барои сохтмони қитъаи роҳи мошингарди Ош-Исфана тариқи қаламрави Тоҷикистон ба ҳамдигар замин ҷудо мекунанд.

Ҷонибҳо қитъаҳои заминро ба ҳамдигар ба муддати 49 сол бо пардохти 1 доллари ИМА дар як сол ба иҷора медиҳанд.

Тоҷикистон дар як муддати кӯтоҳ хати интиқоли барқро сохт. Аммо ҷониби Қирғизистон тӯли 3 сол ба сохтмони қитъаи пешбинишудаи роҳи Исфана-Ош шурӯъ накард.

Баъдан ҳамсояҳо қарори худро дар мавриди бунёди қитъаи роҳ тавассути гузаргоҳи марзии “Тангии Сурх” тағйир дода, ба сохтмони он қад-қади канали Торткӯл то пули мавҷуда дар мавзеи Зарафшон дар қаламрави Тоҷикистон оғоз карданд.

Онҳо лоиҳаи Протоколро дар бораи зарурати ба онҳо бо пардохти номиналӣ ба мӯҳлати 49 сол ба иҷора додани қитъаи замини 275 метри мутааллиқ ба Тоҷикистон, ки дар он ҷо роҳи хокӣ мегузашт ва пуле, ки солҳои 1980-уми асри гузашта дар савхози "Иттифоқ"-и ноҳияи Исфара сохта шуда буд, пешниҳод карданд.

То соли 2010 деҳаи Самарқандаки вилояти Бодканд ва вилояти Лайлаки Қирғизистон ба далели мавқеъи ҷуғрофиёиашон роҳи мустақиме надоштанд, ки онҳоро бо манотиқи дигари Қирғизистон пайвандад. Сокинон барои сафар ба Бодканд ва бозгашт аз роҳи Тоҷикистон тавассути ҷамоатҳои Чоркух ва Сурхи Тоҷикистон истифода бурда, дар постгоҳи марзии “Тангии Сурх” марзро убур мекарданд.

Шубҳаҳои Жапаров

Ин бори аввал нест, ки Садир Жапаров протоколи имзошударо зери шубҳа мегузорад ва изҳор мекунад, ки он ҳукми қонунӣ надошта, Мадумаров барои имзои он ҳуқуқ надошт.

Ахиран Жапаров изҳор дошт, ки ба мавзеи Торт-Кочо (Зарафшони Тоҷикистон) дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон мақоми ҳудуди бетараф дода мешавад.


Ӯ чунин изҳоротро дар ҷаласаи парлумони Қирғизистон рӯзи 17 ноябри соли 2022, ки дар масъалаи тасвиби созишномаи миёни Қирғизистону Ӯзбекистон дар бораи истифодаи муштараки обанбори Кампиробод баррасӣ мешуд, баён кард.

Ҷузъиёти музокирот дар бораи марз бо Тоҷикистонро Садир Жапаров маҳз дар посух ба интиқоди Адахон Мадумаров дар мавриди созишнома бо Ӯзбекистон ошкор кард.

“Шумо мегӯед, ки санади имзошудаи Торт-Кочо ғайриқонунӣ аст ва метавонед бо он ба ҳоҷатхона равед. Ҷониби дигар ин корро намекунад. Онро ба даст гирифта нишон медиҳад. Аллакай чанд дафъа нишон доданд. Дар шаҳри Остона дар мулоқоти сеҷониба (бо иштироки раисиҷумҳури Русия) ҳам онро нишон дода, гуфтанд, мо имзо мекунем ва боз иҷро намекунем.

Пас аз он Қамчибек Қодиршаевич (Ташиев) ду маротиба гуфтушунид кард. Мо он (Торт-Кочо)-ро баргардонида, мақоми бетарафӣ медиҳем. Мо онҳоро мутмаин сохтем, ки на аз онҳо ва на аз мо бошад. Агар боз аз фикрашон нагарданд.

Ҳудуд бетараф хоҳад буд. Мо ба Лайлак мегузарем ва онҳо ба Хоҷаи Аъло мегузаранд”, - иқтибос меорад Kaktus.media аз суханронии раисҷумҳури Қирғизистон.

Дар ҳамин ҳол, Жапаров зикр кард, ки дар минтақаи бетараф 20 хонаи тоҷикистониҳо ва 3-4 хонаи қирғизистониҳо тахриб мешавад.

То ин дам ҷониби Тоҷикистон дар мавриди ин изҳороти президенти Қирғизистон ягон шарҳе надодааст.

Ҳадаф - “аз байн бурдан”-и Мадумаров ва ҳизби ӯ?

Ҳамҳизбони Адахон Мадумаров аз “Бутун Қирғизистон” мутмаинанд, ки “протоколи соли 2009 танҳо баҳонаест барои аз байн бурдани ҳизби мо ва пешвои мост”. Дар ин бора дар муроҷиатномаи Шӯрои сиёсии ҳизб ба мардум ва президент, инчунин ба вакилони Жогорку Кенеш (парлумони Қирғизистон) сухан меравад.

Шӯрои сиёсии ҳизб изҳор мекунад, ки аз соли 2020 ба ин сӯ аъзои ҳизб таҳти таҳдидҳои ғайриқобили тасаввур, фишори равонӣ ва таъқиби ҷиноӣ қарор гирифтаанд.

"Ҳамаи ин танҳо як сабаб дорад - дар Қирғизистон набояд ҳақиқат гуфта шавад, шумо набояд ақидаи шахсии худро дошта бошед ва набояд танқид кунед", - зикр мешавад дар муроҷиатномаи Шӯрои сиёсӣ.

Дар муроҷиатнома ҳамчунин гуфта мешавад, ки Мадумаров ба сифати котиби Шӯрои амният ба мустақилона қабул кардани қарор ҳуқуқ ва имкон надошт, балки танҳо дастури сарвари давлат Қурмонбек Боқиевро иҷро кардааст.

Ҳамчунин зикр мегардад, ки “протокол аз ҷониби парлумони Қирғизистон баррасӣ нашудааст, аз ин рӯ, ҳеҷ гуна ҳукме надошта, дар гуфтушунидҳо бо ҷониби Тоҷикистон набояд халал расонад”.

Муносибати манфӣ ва мавриди интиқод қарор гирифтани Адахон Мадумаров аз ҷониби президент ва роҳбари КДАМ Қирғизистон кайҳо боз маълум аст.

Дар ҷаласаи Жогорку Кенеш рӯзи 2 июни соли 2022 Тошиев ошкоро дар назди ҳамагон ба вакил таҳдид кард, ки дасташро мешиканад, зиндонӣ мекунад ва ҳамчунин гуфт, ки: “Худат аз байн меравӣ”.

Садир Жапаров бошад, дар мусоҳибаи худ ба хабаргузории “Кабар” моҳи июни соли 2022 изҳор дошт, ки Мадумаров аз он бемор аст, ки “ғайр аз худаш каси дигареро президент дидан намехоҳад. Агар тезтар сиҳат шавад, ба худаш ҳам нағз мешуду ба халқ ҳам”.

Адахон Мадумаров
Сурат: azattyk.org

“То ки ӯ дигар халал нарасонад”

Коршиносон низ зикр мекунанд, ки мақомоти кунунии Қирғизистон муддати тӯлонӣ нисбат ба Мадумаров дандонҳои худро тез мекунанд ва боздошти ӯро таъқиби сиёсӣ медонанд.

"Мадумаров як сиёсатмадори мухолиф ва яке аз маъруфтарин мунтақидони ҳукумати кунунии Қирғизистон аст ва аз ин рӯ, дуэти Жапаров ва Тошиев кайҳо боз ба ӯ кина дорад. Дар мавриди ҳабси ӯ, ба назари ман, мақомоти кишвари ҳамсоя мехоҳанд “бо як тир ду нишон зананд”, - мегӯяд сиёсатшинос Абдумалик Қодиров.

Ба гуфтаи ӯ, онҳо як рақиби қавии сиёсиро аз бозӣ берун мекунанд, ки дар сохтори сиёсӣ вазни басо ҷиддӣ дорад.

Сурат: azattyk.org

"Ҳарчанд тибқи қонунгузории Қирғизистон мӯҳлати даъво (10 сол) барои "ҷиноят"-и содиркардаи Мадумаров кайҳо гузаштааст, аммо ин далел кормандони ҳифзи ҳуқуқи Қирғизистонро аслан нигарон намекунад: чизи асосӣ ин аст, ки ӯ дигар ба “корҳои онҳо” халал нарасонад", - иброз дошт Қодиров.

Таттуубубу Эргашбоева, директори Ҷамъияти ҳуқуқшиносони "Тандем"-и Қирғизистон, намефаҳмад, ки чаро моддаи "суистифода аз мансаб" (қаблан Мадумаров тибқи ин модда муттаҳам мешуд) ба моддаи "хиёнат ба давлат" тағйир дода шуд.

"Дар ин ҷо бешубҳа, таъсири геополитикӣ вуҷуд надорад. Ин ҷо бештар заминаи дохилӣ барои нигоҳ доштани қудрат вуҷуд дорад. Ин ҳодиса таъқиби сиёсӣ маҳсуб мешавад, ҳар як президент алайҳи мухолифонаш чунин амал мекард ва карда истодааст, ин як махсусияти сиёсати Қирғизистон аст. Аммо ҳар як ҳукумат бояд аҳаммияти боло бурдани мустақилияти додгоҳҳоро дарк кунад”, - мегӯяд Эргашбоева.

Ҳуқуқшинос зикр мекунад, ки  маводи ин парванда муҳри махфӣ гирифта, ба ҷуз адвокат, дигар касе ба онҳо дастрасӣ надорад. Ва дар ин робита касе онро шарҳ ҳам дода наметавонад, лекин ҳама умедворанд, ки қонун риоя шуда, қазия боадолатона ва ошкор баррасӣ хоҳад шуд.

Оё боздошт ва сарусадоҳо дар атрофи он раванди музокиротро печидатар хоҳад кард?

Таттуубубу Эргашбоева мегӯяд, ки миёни Қирғизистону Тоҷикистон аз соли 2000 инҷониб як қатор протоколҳо ба имзо расидаанд, ки то тасдиқ бо созишномаҳо нарасиданд. Дар таҷрибаи байнулмилалӣ ин протоколҳо одатан хусусияти ният (пешакӣ)-ро доранд.

"Ҳамчунин бояд гуфт, ки дар тӯли беш аз ду сол барои муайян кардани қаламравҳои баҳсбарангези байни Қирғизистону Тоҷикистон (имрӯз дарозии манотиқи баҳсбарангез 417 километрро ташкил медиҳад) фаъолона корҳо ҷараён доранд. Ин кор барои ҳалли баҳсҳои марзӣ аҳаммияти бузург дорад ва эҳтимол протоколҳои зикршуда дар ҷараёни музокироти ҷонибҳо ба инобат гирифта шаванд”, - мегӯяд номбурда.

"Ман намедонам, ки имзои протоколи соли 2009 чӣ таъсире дошта метавонад, аммо натиҷаи ниҳоӣ аз амалу тасмимҳои минбаъдаи тарафҳо вобаста хоҳад буд", - иброз дошт ӯ.

Ба ақидаи Абдумалик Қодиров, бо боздошти шахсе, ки протоколи “мушкилофар"-и иҷораи қитъаи 275-метраи роҳро имзо карда, ба ҷониби Тоҷикистон иҷоза дод ин қитъаро қаламрави худ шуморад, мақомоти Қирғизистон умедворанд, ки ба ҷониби Тоҷикистон (дар рафти гуфтушунид оид ба таъйини сарҳад) эътибори ҳуқуқӣ надоштани ин санадро исбот кунанд.

Ёдовар мешавем, ки Мадумаров бо имзои ин протокол супоришҳои сарони кишварҳои Қирғизистону Тоҷикистонро, ки дар мулоқоти моҳи майи соли 2008 дар Хуҷанд дода буданд, иҷро карда буд.

“Ба назари ман, ин боздошт ҳарчанд начандон ҷиддӣ бошад ҳам, раванди музокироти Қирғизистону Тоҷикистонро дар мавриди таъйини марзи давлатӣ мушкилтар хоҳад кард, зеро Мадумаров аз ҷумлаи он сиёсатмадорони оқилу дарандеши кишвари ҳамсоя аст, ки бевосита дар раванди музокирот ҳузур дошт ва тамоми нозукиҳои онро медонист, аз ҷумла ба Тоҷикистон таллуқ доштани ин 275 метр қитъаи роҳро. Ӯ инчунин дарк мекунад, ки эътирофи ин далел аз ҷониби Қирғизистон ба раванди мувофиқасозӣ хеле суръат бахшида, ба сулҳи деринтизор дар сарҳад оварда мерасонад”, - илова кард Қодиров.

Аммо, ба гуфтаи ӯ, суол дигар аст: "Оё ба онҳое, ки аз ин вазъ холҳои сиёсӣ ба даст меоранд, сулҳ дар марз лозим аст?".

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.