Президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев ба Акбарҷон Исмоилов, муовини раиси Ассамблеяи халқи Қазоқистон ва роҳбари ҷамъияти тоҷикон дар ин кишвар, ордени “Эл бирлиги” (“Ваҳдати халқ”) тақдим кард. Дар ин бора DKNews.kz хабар медиҳад.
Ба гуфтаи манбаъ, ин орден рӯзи 24-уми октябр дар қароргоҳи Қасри сафед дар арафаи ҷашни миллии Рӯзи Ҷумҳурии Қазоқистон ба Акбарҷон Исмоилов супорида шудааст.
“Акбарҷон Исмоилов барои хидматҳояш дар таҳкими ваҳдати халқ, таъмини ваҳдати ҷамъиятӣ, ваҳдати миллӣ ва корҳо фаъоли ҷамъиятиву хайриявӣ бо ордени “Эл бирлиги” сарфароз шуд”, - омадааст дар хабар.
Гуфта мешавад, ки ордени “Эл бирлиги” барои хидматҳои шоиста дар назди кишвару миллат сарфароз мегардад.
Бояд гуфт, ки Акбарҷон Исмоилов соли 1988 дар Қазоқистон ба дунё омадааст, аммо ӯ тоҷиктабор мебошад. Ӯ ҳоло роҳбари ҷамътияти тоҷикон ва ва муовини раиси Анҷумани халқҳои Қазоқистон аст.
Ӯ баъди ба ин вазифа таъйин гардидан бо “Азия-Плюс” мусоҳиба анҷом дода, андешаву ҳадафҳои ояндаи худро муфассал иброз дошта буд, ки метавонед бо пахши пайванди мазкур, онро мутолиа намоед.




“Мушкил бартараф шуд ва ҳоло ҳама хидматрасониҳо дастрасанд ”. “Душанбе Сити Бонк” ҳамлаи DdoS ба пойгоҳҳояшро шарҳ дод
Зиндагӣ миёни пули интиқолӣ. Чаро барои сокинони деҳоти Тоҷикистон саводнокии молиявӣ зарур аст?
Амрико барои пешниҳоди иттилоъ дар бораи Муҷтабо Хоманаӣ ва чанд мақомдори Эрон то $10 млн ҷоиза таъин кардааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 46
“Шабе беҳтар аз ҳазор моҳ”. Имсол Шаби қадр кай аст?
Тоҷикистон ва БОР стратегияи шарикиро барои солҳои 2026-2030 ба имзо расониданд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 марти соли 2026
Аз таҳдиди Трамп то посухи Лориҷонӣ. Идомаи ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Эрон ва посухи Ҷумҳурии Исломӣ
“Азия-Плюс” ва “Ориёнбонк” дар Душанбе дарахт нишонданд
“Риояи қонунро мехоҳем”. Баҳси чанд сокини як бино дар Душанбе бо ширкати бинокори “Лутф-Сохтмон”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста