Дирӯз, 29-уми октябр, дар робита ба садамаи маргбор дар кони ангишти вилояти Қарағандаи Қазоқистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон ба Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Қазоқистон занг зад ва ҳамчунин, барқияи таслият ирсол намуд.
Дар Қазоқистион шаби 27 ба 28-уми октябр дар кони ангишти ба номи Костенко дар вилояти Қарағанда сӯхтор ва баъди чанде таркиши шадид ба амал омад. Дар пайи он атрофи 45 нафар ҷон бохтанд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон зимни суҳбати телефонӣ Эмомалӣ Раҳмон ба президент ва мардуми Қазоқистон ҳамдардиву таъзияи амиқ баён кардааст.
“Сарвари давлати мо, таслияту ғамшарикии инҷонибро ба пайвандону наздикони фавтидагон, ҳамчунин таманниёти шифои комилро ба ҳамаи осебдидагон иброз намуданд. Изҳори умед карда шуд, ки оқибатҳои садама ҳарчи зудтар бартараф карда хоҳанд шуд”, - зикр мегардад дар хабар.
Ҳамчунин, пештар аз ин, дар робита ба ин садамаи фоҷеабор Президенти Тоҷикистон ба ҳамтои қазоқаш барқияи таслият ирсол намуда буд.
“Хабари фоҷеабори ба ҳалокат расидани одамон бар асари садама дар кони ангишти вилояти Қарағандаи Қазоқистон боиси андӯҳи амиқи инҷониб гардид.
Мо ғамшарики ин талафоти ҷуброннопазир ҳастем.
Аз номи мардуми Тоҷикистон ва шахсан аз номи худам ба Шумо, мардуми бародари Қазоқистон ва пайвандону наздикони фавтидагон таъзияву ҳамдардии самимии инҷониб, инчунин таманниёти ҳарчи зудтар шифо ёфтани осебдидагонро изҳор менамоям”, - зикр мешавад дар бароқият таслият.
Бояд гуфт, бино ба иттилои расонаҳо, замони ҳодиса 252 нафар дар кон кор мекарданд. 208 нафарро аз таҳи замин берун оварда шуда, 18 нафар барои кӯмак ба пизишкон муроҷиат карданд. Кони ангишт беш аз 1400 корманд доштааст.
Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳурии Қазоқистон, 29-уми октябрро рӯзи мотами миллӣ эълон кард.
Рустами Эмомалӣ барои чор соли дигар президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб гардид
Кобусе бо номи колхоз. Нигоҳе ба бунёди колхозҳо дар Тоҷикистони Шӯравӣ ва паёмадҳои он дар рӯзгори мардумони он замон
СУБҲ БА ХАЙР, ТОҶИКИСТОН! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 декабри соли 2024
Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба номи Давлатманд Холов гузошта шуд
“Забон ёфтем”. Содир Жапаров гуфт, қитъаҳои мавриди баҳс бо Тоҷикистон “50 ба 50 тақсим шуданд”
“Тоҷикистон ҷонибдори рафъи маҳдудиятҳо аст.” Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи сарони кишварҳои ИДМ дар Маскав чӣ гуфт?
ТОП-7 меваи Тоҷикистон, ки дар соли 2024 аз ҳама бештар содир шудааст
Гузоришгарони бидуни марз: Дар соли 2024 дар саросари ҷаҳон 54 хабарнигор кушта шудаанд
Дар Тоҷикистон мақоми Ваколатдори нав таъсис дода мешавад
Боздошти ҷавони 18-сола бо гумони куштори як сокини Ҳисор
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста