Ҳукумати Ӯзбекистон 7-уми ноябр лоиҳаи қарореро ба баррасии умум пешниҳод кард, ки пардохти кумакпулӣ ба намояндагони соҳаи фарҳанг ва санъат, аз ҷумла ҷавонони эҷодкорро ҳангоми хариди манзил ё сохтмони хона пешбинӣ мекунад. Дар ин бора centralasian.org хабар медиҳад.
Тибқи лоиҳа, ба намояндагони бахши фарҳангу ҳунари Ӯзбекистон ҳангоми харидани хона тариқи ипотека 50 дарсади арзиши маблағ аз ҳисоби даромадҳои иловагии буҷаи давлат кумак карда хоҳад шуд.
Ҳаҷми ин кумаки молӣ барои сокинони Қарақалпоқистон то 192,5 миллион сӯм (ҳудуди 15,7 ҳазор доллар) ва барои сокинони шаҳру вилояти Тошканд то 245 миллион сӯм (тақрибан 20 ҳазор доллар) муайян шудааст.
Ин лоиҳа, ки дар сомонаи санадҳои меъёриву ҳуқуқии Ӯзбекистон нашр шудааст, баҳсҳоеро дар миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овардааст. Корбарон гуфтаанд, ҳукумат ба ҷои кумак ба намояндагони илму маориф, ки шароити “он қадар хуб надоранд”, мехоҳад, ба сарояндаҳои “доро” ёрӣ расонад.
Кор дар минтақаҳои ишғолшудаи Украина барои муҳоҷирон чӣ хатар ва паёмад дорад?
Панҷ мусофири як мошин дар дарёи Панҷ ғарқ шудаанд
Даргузашти Саидмурод Мардонов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва ҳаҷвнигори шинохта
Дар Тоҷикистон аввалин Нуқтаи миллии мубодилаи интернет-трафик ба фаъолият оғоз кард
Роҳбари нави БДА кист ва ӯ бояд кадом мушкилиҳои мубрами ин сохторро ҳал кунад?
Сарраёсати маорифи Душанбе бори дигар аз манъи ҷамъоварии пул барои таъмири мактабу кӯдакистонҳо таъкид кард
Парлумони Тоҷикистон Шартнома оид ба сарҳад миёни Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистонро тасвиб кард
Ҷасади 6 муҳоҷири тоҷикро аз Қазоқистон ба Тоҷикистон равон карданд
Ситораҳои футболи Тоҷикистон аз ситораҳои футболи Русия шикаст хӯрданд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Як рӯзи хазонрез”, қисми 4
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста