Раиси ҳизби мухолифи “Бутун Қирғизистон”, собиқ муовини сарвазири ин кишвар Адахан Мадумаров, ки дар хиёнат ба давлат айбдор эълом гашт, шаби 25 апрел озод шуд. Дар ин бора centralasian.org хабар медиҳад.
Додгоҳи ноҳияи Якуми шаҳри Бишкек вакили порлумон ва раиси ҳизби мухолифи "Бутун Қирғизистон" Адахан Мадумаровро дар хиёнат ба давлат айбдор донист, вале ба далели сипарӣ шудани муҳлати эътибор ӯро озод кард.
Додгоҳ парвандаи Мадумаровро пушти дарҳои баста баррасӣ кард.
Раиси ҳизби мухолифи "Бутун Қирғизистон"-ро рӯзи 2 сентябри соли 2023 неруҳои махсуси Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон дар Бишкек боздошт карда буданд.
Вакили дифои сиёсатмадор Гуляна Убалиева гуфта буд, ки Мадумаров дар "хиёнат ба давлат" муттаҳам мешавад. Убалиева тасдиқ кард, парванда ба санади марбут ба қитъаи Торт-Кочо дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон рабт дорад, ки Адахон Мадумаров дар замони котиби Шӯрои амнияти Қирғизистон буданаш дар соли 2009 имзо кардааст. Мадумаров худро бегуноҳ ва парвандаашро "сиёсӣ" меномад.
Дар хусуси ин сиёсатмадор ва мансабдори пешини Қирғизистон ва омили боздошту иттиҳоми алайҳи ӯ эълоншуда дар матлаби “Чаро Мадумаров боздошт шуд ва он ба музокироти марзии Тоҷикистону Қирғизистон чӣ таъсир мерасонад” мутолиа кунед.
“Гуфт, занҳоро назанед, куҷое хоҳед имзо мекунам”. Шикояти пайвандони яке аз муттаҳамони куштори оилаҳо дар Конибодом
Дар Душанбе беҳтарин мураббӣ, омӯзгор, табиб ва беморхонаву боғи фарҳангиро муайн карданд
“Шарҳре, ки дӯст медорем”. Андешаи сокинон дар бораи Душанбе
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 апрели соли 2025
Владимир Путин дар ҷанг бо Украина оташбаси муваққатӣ эълон кард
Марги Исфандиёр аз тири камони Рустам. “Ял” ва намоишномаҳои дигари рӯзи панҷуми "Парасту" аз чӣ қисса карданд?
Wildberries ба фурӯши маҳсулот дар Тоҷикистон оғоз кард
Аз осорхонаи Айнӣ то бозори “Меҳргон”. 10 макони дидании шаҳри Душанбе
КҲФ аз боришоти борони пуршиддат ва хатари омадани сел ҳушдор медиҳад
Чароғҳои кӯчаву хиёбонҳои Душанберо кай фурӯзон мекунанд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста