Хати сарҳадҳо байни Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ бинобар обхезиҳо шуста шуда, дубора муайян карда мешаванд. Дар ин бора иҷрокунандаи вазифаи вазири энергетика ва захираҳои обии ҳукумати толибон* Абдул Латиф Мансур изҳори назар кардааст. Дар ин бора TOLOnews хабар медиҳад.
«Сарҳадҳои мо бо Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон бинобар обхезиҳо шуста шудаанд. Мо корҳои муҳимеро барои муайян кардани сарҳадҳои қаблӣ анҷом медиҳем ва 20 рӯз пеш ин масъаларо бо роҳбари олии худ баррасӣ кардем», - гуфтааст Мансур.
Ба гуфтаи ӯ, таъйину аломатгузории сарҳадҳо мутобиқи стратегияи нави муайян кардани сарҳадҳо байни Афғонистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон, ки аз обхезиҳо зарар дидаанд, гузаронида мешавад.
Мансур изҳор дошт, ки ин «нақша, ки бо дастури роҳбари Аморати Исломӣ (амир Ҳайбатуллоҳ Охундзода – эзоҳи «Азия-Плюс») таҳия шудааст, дар ҳамкорӣ бо вазоратҳои корҳои дохилӣ, хориҷӣ, мудофиа ва Сарраёсати иктишофӣ амалӣ карда мешавад.
Тафсилоти стратегияи зикршуда аз ҷониби роҳбари Вазорати энергетика шарҳ дода нашудааст.
Намояндагони вазорат таъкид кардаанд, ки Раёсати захираҳои оби Афғонистон ба ҳеҷ як кишвар зарар нахоҳад расонд.
«Ҳеҷ яке аз амалҳои мо барои зарар расонидан ба ҳамсояҳо равона нашудааст. Мо аз ҳиссаи одилонаи оби худ зиёда ба зарари ҳамсояҳо истифода набурдем ва чунин ният ҳам надорем», - изҳор доштаст сармушовири Вазорати энергетикаи Афғонистон Форуқ Аъзам.
Қобили зикр аст, ки сарҳадҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва қисман Туркманистон бо Афғонистон аз маҷрои Амударё (дар Тоҷикистон - аз рӯди Панҷ, ки бо Вахш якҷоя шуда, Амударёро ташкил медиҳад) мегузаранд. Аз се ҷумҳурӣ сарҳад бо Тоҷикистон дарозтарин аст – 1344 км.
Баъди сари қудрат омадани толибон дар Афғонистон, онҳо ба сохтмони канали обёрии Қуштеппа, ки аз Амударё сарчашма гирифта, баъд аз анҷоми лоиҳа заминҳои се вилояти шимолии Афғонистон – Форёб, Балх ва Ҷузҷонро бо об таъмин мекунад, оғоз карданд.
Ин нақшаҳо кишварҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ, хусусан Ӯзбекистон ва Туркманистонро, ки қисми зиёди оби Амударёро мегиранд ва аз камбуди он дар ташвишанд, нигарон кард.
Аммо мақомоти Афғонистон изҳор медоранд, ки онҳо ба гирифтани ҳиссаи маҷрои дарёи фаромарзӣ, ки то ҳол истифода намекарданд, ҳуқуқ доранд.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - «Афғонистон» бихонед.
Интернет дар Тоҷикистон арзон мешавад?
Таъкиди раиси ҷумҳур ҳам асар накард? “Маршировка”-и садҳо донишҷӯй дар Хуҷанд барои таҷлили ҷашни Наврӯз
Ду рӯз пеш аз солгарди ҳамла ба “Крокус”. Муҳлати ҳабси гумонбарони асосӣ ду моҳи дигар тамдид шуд
Баҳорро бо пойгоҳҳои нави базавӣ пешвоз мегирем!
Замону макони чорабиниҳо маълум шуд. Имсол ҷашни Наврӯз дар Суғд чӣ гуна таҷлил мешавад?
Наврӯз муборак! Дар Тоҷикистон Соли нави хуршедӣ фаро расид
Ҳалли масоили сарҳадӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон – намунаи беназир дар шароити кунунии ҷаҳонӣ
“Дар умрам дору нахӯрдаам”. Қиссаи зани 120 солае, ки 210 набераву абераву чабера дорад
Раёсати маорифи Душанбе аз волидайн хост, ки кӯдаконашонро ба "идгардак" нафиристанд
Додихудо Шарифзода, собиқ муовини “Авангард” боздошт шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста