Вазорати нақлиёти Афғонистон мушовирон оид ба нақлиёт дар Тоҷикистону Ӯзбекистон, Эрону Покистон ва Туркманистонро таъин карданд. Дар ин бора хабаргузории IRAF иттилоъ медиҳад.
Гуфта мешавад, ҳадаф аз ин иқдом бартараф намудани монеъаҳо дар транзит ва тавсеъаи дастрасии Афғонистон ба бозорҳои байнулмилалӣ мебошад.
Дар Вазорат зикр кардаанд, ки дар савдои хориҷӣ Афғонистон ба хатсайрҳои заминии ин кишварҳои ҳамсоя вобастагии зиёд дошта, ба рушди ҳамкории минтақавӣ ва долонҳои тиҷоратӣ ниёз дорад, ки ба соҳибкорни афғон ҷиҳати роҳ ёфтан ба бозорҳои ҷаҳонӣ имкон фароҳам меоранд.
“Рисолати аслии мушовирони таъиншуда аз мусоидат ба афзоиши содирот, соддагардонии расмиёти транзитӣ ва тавсеъаи имконоти кишвар дар соҳаи нақлиёт иборат аст”, - таъкид мешавад дар хабар.
Ёдрас мекунем, ки кишварҳои дар боло зикршуда, аз ҷумла Тоҷикистон ҳоло ҳокимияти толибонро* дар Афғонистон расман эътироф накардаанд. Ягона кишваре, ки ҳукумати Толибон ё худ Имороти Исломии Афғонистнро расман шинохт, Русия аст.
Бархе аз кишварҳо, аз ҷумла Чин, Амороти Муттаҳидаи Араб ва Покистон сафоратхонаҳои худро дар Кобул боз намуданд ё дипломтаҳои худро таъин карданд, лекин ҳукумати толибонро расман эътироф накардаанд.
Сарфи назар аз фаъолмандии дипломатӣ, СММ ва аксарияти кишварҳо толибонро воқеъан ҳукумат дониста, лекин қонунӣ будани онҳоро эътироф намекунанд.
Бино ба маълумоти Агентии омори Тоҷикистон, ҳаҷми савдои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Афғонистон давоми моҳҳои январ-июли соли ҷорӣ ҳудуди 72,5 млн долларро ташкил дод, ки 23,7% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 мебошад. Аз ҷумла зиёда аз 62,9 млн доллар ба содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон ба ин кишвар ва беш аз 9,5 млн доллар - ба воридоти молу маҳсулот аз Афғонистон ба ҷумҳурии мо рост меояд.
Аз Тоҷикистон ба Афғонистон асосан нерӯи барқ интиқол дода мешавад. Ҳамчунин ба кишвари ҳамсоя баъзе масолеҳи сохтмон, дар навбати аввал семент, инчунин ангишт, нуриҳои минералӣ ва дар ҳаҷми начандон зиёд маҳсулоти хӯрокворӣ фурӯхта мешаванд.
Қисми зиёди воридоти Тоҷикистон аз Афғонистонро маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла анҷир, мавиз ва пахта ташкил медиҳанд. Афғонистон барои фурӯш дар бозори Тоҷикистон инчунин қолин, сангҳои қиматбаҳо ва нимақиматбаҳо пешниҳод мекунад.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Ҳар он чӣ дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.





Сафири Эрон: “Амрикову Исроил мехостанд давоми 48 соат Ҷумҳурии Исломиро сарнагун кунанд, аммо Эрон ин нақшаро вайрон кард”
“Фаластини озод” ва “Таблиғи ҷанг дар мактабҳои Русия”. Кадом филмҳо ҷоизаи "Оскар-2026" гирифтанд ва чӣ паём доштанд?
Талоши Трамп барои “бозкушоии тангаи Ҳурмуз” ва идомаи ҳамлаи тарафҳо. Ду рӯзи гузашта дар Ховари Миёна чӣ гузашт?
Набард ва пирӯзии Адолат. Чӣ тавр зани тоҷик девори қолаб шикаст ва ширкати худро сохт?
Сардори Раёсати тандурустии Суғд, ки ба ришвагирӣ гумонбар буд, бо пардохти ҷарима аз ҳабс озод шудааст
Як бунёди аврупоӣ ба ширкати “Шоҳин Эйрлайнз” беш аз $200 млн сармоягузорӣ мекунад
Ҳушдори мақомот ба роҳбарони бозорҳои пойтахт барои қимат фурӯхтани маҳсулот дар иди Рамазон
Тоҷикистонро дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё 13 варзишгар намояндагӣ мекунанд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 47
Расонаҳо: Куштори як шаҳрванди Тоҷикистон дар Қундузи Афғонистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста