Бо гузашти вақт шаҳри Манас метавонад пойтахти нави Қирғизистон гардад. Дар ин бора Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии ин кишвар зимни суханронӣ бо роҳбарони мактабҳои маҳаллӣ дар ин шаҳр изҳори назар кардааст, хабар медиҳад, хабаргузории 24.kg.
Ба гуфтаи ӯ, аллакай соли 2026 Манас, ба мисли Бишкек ва Ош мақоми шаҳри аҳамияти ҷумҳуриявидоштаро ба даст хоҳад овард.
Қамчибек Тошиев таъкид намуд, ки иваз кардани номи Ҷалолобод ба Манас як қадами андешидашуда буд, ки дар асоси нақшаҳои дарозмуддат оид ба рушд ва тақвияти нақши шаҳр дар ҳаёти кишвар амалӣ шудааст.
“Баъзе сиёсатмадорон мегуфтанд, ки Манас метавонад пойтахт шавад. Агар мо ба ин омода бошем — чаро не? Вале барои ин бояд худи шаҳр, инфрасохтор ва сокинон омода шаванд. Пойтахт будан — масъулияти бузург аст: сармоягузории ҷиддӣ ва тағйироти васеъмиқёс зарур аст”, -гуфтааст ӯ.
Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон афзудааст, ки дар шаҳр аллакай як қатор лоиҳаҳои сохтмонӣ ва инфрасохторӣ амалӣ мешаванд. Дар оянда нақша доранд, ки Манасро ба яке аз шаҳрҳои муосир ва босуръат рушдёбандаи Қирғизистон табдил диҳанд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш номи шаҳри маъруфи Ҷалолобод ба шаҳри Манас иваз карда шуд.
Сабаби тағйиротро аъзои маҷлис расман дар муроҷиати дастаҷамъонаи сокинон ва зарураташро дар ҳимояти манфиат ва идеологияи миллӣ номиданд.
Манас, қаҳрамони достони маъруфи мардуми қирғиз аст.




Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 ноябри соли 2025
Нурулло Абдуллоев: “Дар марги Маҳмудҷон Воҳидов тамоми Тоҷикистон мотам дошт”
“Муаллими пиёда”. Қиссаи омӯзгоре, ки барои дарсгӯӣ 5 километр роҳро пиёда тай мекунад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 ноябри соли 2025
Гулҷаҳон Бобосодиқова: “Ҳоло вақти хонашинӣ нарасидааст”
Маконҳои зебои Душанбе ва атрофи он барои аксбардории домоду арӯс
Парвозҳои мустақим миёни Душанбе ва Самарқанд пурра бекор шудаааст
Тоҷикистон лоиҳаҳои сармоягузории худро дар нишасти тиҷоратии Осиёи Марказӣ ва ИМА муаррифӣ кард
Ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои хориҷа, таваҷҷуҳ ба зеҳни сунъӣ ва “либоси номувофиқ”. Ректорҳои навтаъин чӣ нақшаҳо доранд?
Мақомоти Қазоқистон 53 мусофири тоҷикро аз сардӣ наҷот додаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста