- Кӯшишҳои даст доштани Давлати исломӣ дар куштори сайёҳон дар ноҳияи Данғара бефоида буда, лекин бо итминон метавон гуфт, ки дар он ҷо амали террористӣ содир шуд, - изҳор дошт дар мусоҳиба ба “Азия-Плюс” собиқадори мақомоти амнияти давлатии Тоҷикистон Давлатхоҷа Назиров.
Полковники мустаъфии Кумитаи давлатии бехатарии Иттиҳоди Шӯравӣ мутмаин аст, ки дар Тоҷикистон “умуман ягон ташкилоти ибтидоии Давлати исломӣ вуҷуд надошта, танҳо метавон пайравони Ҳаракати исломии Туркистонро дарёфт кард, ки аз пайвастшавиашон ба Давлати исломӣ хабар доданд”.
“Дар ҷангҳои Ироқу Сурия сутунмуҳраи Давлати исломиро шикастанд, имрӯз ин созмони террористӣ дар ҳеҷ куҷои дунё коре аз дасташ намеояд, амалҳои террористиро аз номи ин созмон дар Афғонистону кишварҳои Аврупо дигар созмонҳои террористӣ, аз қабили Толибон, “Ҷабҳат-а-Нусра”, “Ҷамоати Ансоруллоҳ” содир мекунанд”, - гуфт полковники мустаъфӣ.
Номбурда муътақид аст, ки имрӯз “боқимондаҳои Давлат исломӣ масъулияти ҳамаи амалҳои террористиро, ки дар нуқтаҳои гуногуни дунё содир мешаванд, ба дӯши худ мегиранд, то ки нуфузи худро нигоҳ дошта, аз зинда буданашон дарак диҳанд”.
“Дар баробари ин, ба ақидаи ман, агар ҳамла ва куштори сайёҳони хориҷӣ бо мақсади ғоратгарӣ ё роҳзанӣ сурат гирифта бошад ҳам, онро ҳамчун амали террористӣ бояд муайян кард, ки дар натиҷа ба обрӯву нуфузи Тоҷикистон ва имиҷи сайёҳии он зиёни бузург расонида шуд”, - илова намуд коршинос.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.