- Маҷлиси Дортмунд ҷудоӣ байни Ҳизби наҳзати ислом (ҲНИ) ва дигар созмонҳоро нишон дод, - гуфт зимни нишасти хабарӣ директори Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и назди президенти ҶТ Худойбердӣ Холиқназар. – Ҳамаи мухолифони дунявӣ ба муколама бо ҲНИ хотима бахшиданд. Ин ҳизби террористӣ ба дилашон зад. Ин ҷудоӣ байни онҳо, албатта ба нафъи Тоҷикистон аст.
Муовини директори Марказ Сайфулло Сафаров изҳор намуд, ки маҷлиси ҲНИ дар Дортмунд (Олмон) гувоҳи заифии пурраи мавқеи он дар арсаи байнулмилалӣ аст.
“Эътирозу раҳпаймоӣ ва маҷлисҳои ҲНИ ба амнияти Тоҷикистон таҳдид карда наметавонанд, зеро дар дар иқтисоду ҳаёти ҷомеаи ҷумҳурӣ сулҳу суботи устувор мустақар аст ва онҳо дигар ба рӯҳияи мардуми кишвар таъсир расонида наметавонанд”, - қайд кард Сафаров.
Ҳамчунин зикр шуд, ки ба гирдиҳамойӣ дар шаҳри Олмон дастандаркорони он беш аз 300 нафар ҷонибдорони мухолифинро гирд оварданӣ буданд.
“Яке аз намояндагони мухолифин худаш иқрор шуд, ки дар ин маҷлис ҳамагӣ 60 нафар ҳузур доштаанд”, - мегӯяд Сафаров.
Ба ақидаи ӯ, шахсоне чун “Ҳафиз Бобоёров, Додоҷон Атовуллоев, ки ба зиндагӣ бо нигоҳи дунявӣ менигаранд, бо Кабирӣ муттаҳид намешаванд”.
“Ҳамин тариқ, ҳизби заифшуда ва нуфузашро аздастдода “дигар имкон надорад, ки ба сулҳу субот дар Тоҷикистон хатар эҷод созад”, - афзуд Сафаров.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.