Дар моҳи шарифи Рамазон бо вуҷуди осмонбӯс шудани нархҳои бозор, мардуми тоҷик ҳар шому субҳ дастархони рамазонӣ мекушоянд. Илова бар ин, боз қисми зиёди мардуми мо барои ҷамъи дӯстон ё ҳамсоягон хӯроки шом медиҳанд, ки онро “ифтор” мегӯянд. Ва ин аст, ки бисёриҳо бо ҳазл мегӯянд: “Имшаб кӣ ифтор дорад?”.
Маҳз аз чӣ гуна рӯза кушодани мардуми берун аз хона мегӯем, ки барои ин мо бегоҳе дар кӯчаҳои Душанбе, бегоҳе дар масҷид ва бегоҳе дар бозор гашта, шоҳиди рӯзакушоии пиёдагарди пойтахт, намозгузори масҷид ва савдогари бозор шудем.
Панҷшанбе. 19 май. Соат 19:22. Ифтор соати 19:40 мерасад. Сирки давлатӣ. Мардум хеле зиёд равуо доранд. Ҳама саросема аст. Гӯё ки ба онҳо чизе намерасад ва ё чизеро гум кардаанд. Дақиқаҳо гузашта истодаанд ва баробари онҳо “сигнал”-и мошинҳо ҳам баланд мешавад. Чанд дақиқа монд. Дақиқаи охир. Ва инак, 19:40. Пиёдагардон саросематар мешаванд. Медаванд. Об мекобанд. Обҳои газноку бегазро менӯшанд. Хот-дог мехаранд. Пирожкифурӯш муштариёни зиёдро дида, худро гум мекунад. Киро аввал ҷавоб доданашро намедонад. Ҳатто намедонад, ки аввал худаш хӯрад ё муштариёни гуруснаро сер кунад. Мисле, ки гуруснагӣ омада бошад. Аз дур дидани ин манзара ҳамин ҳолатро пеши назар меорад. Хулоса, пас аз чизе нахӯрдани 16 соату 4 дақиқа рӯзаро дар кӯча кушодан бисёр ногувор будааст.
Ҷумъа. 20 май. Соат 19:10. Ифтор соати 19:41 мерасад. Назди масҷиди “Ҳамадонӣ”. Дар пеши масҷид марде чалаки (зарфи калон) пур аз чолоб бо косаҳои бешумор дар назди худ мондааст. Вақт гузашта истодааст. Намозгузорон зиёд равуо доранд. Садои ҳамон мард баланд шуд: “Биё бача, чолоби бепул, хайрия, марҳамат кунед!”.
Мардум наздик шудани вақтро дида, яке баъди дигаре аз дасти мард косаи пури чолобро мегиранд. Дар паҳлӯ марди дигаре аз дохили қуттии калоне ба ҳар нафари пешаш омада як то пирожки медиҳад. Мо ҳам як коса чолобуу як дона пирожкиро гирифтем. Инак, нӯшидему тановул кардем. Даромадгоҳи масҷид. Як нафар шарбат, чанд нафар хурмо, чанд нафар оби бегаз, чанд нафар... ба намозгузорон дода истодаанд. То ба масҷид даромадан, сер шудем. Хулоса, ҳарчанд дар масҷид ошу шӯрбо набошад ҳам , рӯза кушодан бисёр хуб ва хурсандиовар аст.
Шанбе. 21 май. Соат 19:30. Ифтор соати 19:42 мерасад. Бозори “Саховат”. Бо вуҷуди он ки ба рӯзакушоӣ 12 дақиқа вақт мондааст, ба ҷуз савдогарон, мардуми хеле зиёд машғули хариданд, ки яқинан бисёре аз онҳо дар бозор рӯзаашонро мекушоянд. “Вақт шуд”- касе баланд садо баровард. Ҳама осемасар ҳар чизе, ки то ин дам дар дасту ҷайбу пеши худ доштанд, ба даҳон мебурданд. Савдогарон бо маҳсулотҳои хӯрокаи худ рӯзаашонро кушода, дар баробари хӯрдан боз муштариёнро ҷавоб дода истодаанд. Дар ин росто бо савдогароне ҳам дучор омадан мумкин аст, ки нахӯрда ва чизе ба даҳон набурда корашонро иҷро карда истодаанд. Хулоса, дар бозор, ки мо ҳам як дона себ хӯрдем, рӯзакушоӣ на он қадр хуб будааст.
Рӯзи омӯзгорон. Сокинон дар бораи муаллими худ чӣ мегӯянд?
Адабиёт, мактаб ва расонаву филмҳо. Чӣ гуна забони меъёри тоҷикиро оммавӣ кунем?
"Шуълаи орзу". Филми мустанад дар бораи ҷавоне, ки мушкилиҳои зиндагӣ ӯро қаҳрамон кард
Истаравшан шаҳри умумиҷаҳонии ҳунармандӣ шуд. Ин шаҳр бо чӣ машҳур аст?
Ду медали Тоҷикистон дар мусобиқоти ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонон
“Мехост хонаи давлатиро хусусӣ кунад” Ҷузъиёти боздошти роҳбари дастгоҳи шаҳри Истиқлол
Парлумони Тоҷикистон тартиби соддакунии ҳамлу нақли борро бо Ӯзбекистон тасдиқ кард
“Пул надоштам”. Милитсияи пойтахт навори ҷузъиёти ҳамла ба ронандаи “Як такси”-ро нашр кард
Нашри китоб дар бораи таърихи ҷанги шаҳрвандӣ ва корномаи Эмомалӣ Раҳмон бо забони арабӣ дар Миср
"Ба ихроҷ омода шавед". Дар Русия амалиёти “Нелегал-2024” мегузарад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста