30 рӯз аст, ки Далер Шарифов, дӯст ва ҳампешаи рӯзноманигори ман дар озодӣ нест. Тақрибан соатҳои 10-и 28 январ ба ман тамос гирифта, гуфт, ки барои як суҳбат даъват шудааст. Ва ин суҳбат, тавре огоҳ ҳастем, ду моҳ ҳабси пешакии вайро дар пай дошт.
Ӯ дар замоне боздошт шуд, ки Тоҷикистон ба ду маъракаи бузурги сиёсӣ омодагӣ мегирад. Яке аз онҳо интихоботи парлумонӣ аст, ки ҳамагӣ баъди як рӯзи дигар баргузор мешавад…
Далели боздошти Далерро бархеҳо дар Фейсбук рисолаи “Муҳаммад ва терроризм” гуфтанд. Рисолае, ки Далер бовар дошт, бо сиёсати ҳукумат дар мавриди муқовимат бо ифротгароӣ ва мубориза бо терроризм дуруст мегирад.
Баъдан Додситони кулл ба 200 мақолаи давоми 7 соли ахир навиштаи ӯ ишора карда, онҳоро “дорои муҳтавои экстремистӣ” хонд. Далер дар гузашта чанд маврид ба мақомот даъват шуда буд, вале он замон дар навиштаҳояш “муҳтавои экстремистӣ” намеёфтанд. Гузашта аз ин, изҳороти додситонӣ собит мекунад, ки боздошти Далер Шарифов ба фаъолияти касбӣ рабт дорад. Яъне андешаи иддае аз ҳамкасбон, ки Далерро рӯзноманигор намешиносанд ва инро баҳонае барои худдорӣ аз изҳори назар дар мавриди қазияи ӯ месохтанд, бепоя аст. Дар ин қазия чанде аз онҳое ҳам сукут карданд, ки худро наҳангҳои журналистика мепиндоранд ва дар маҳфилҳои рӯзноманигорӣ, хосса ҳамасола дар рӯзи 3 май бо сароҳат аз ҳамраъйии журналистон ҳарф мезананд.
Журналистикаи тоҷик ҳоло ба марде шабоҳат дорад, ки ду пояш ланг аст. Аммо бояд иқрор шуд, ки вазъи ҳамраъйӣ ҳанӯз буҳронӣ нашудааст. Мисоли рӯшан ҳамин қазияи Далер Шарифов аст. Ҳампешаҳои зиёде дар шабакаҳои иҷтимоӣ изҳори назар карданд ва зери изҳороти журналистону ҷомеаи шаҳрвандӣ имзо гузоштанд. Изҳороте, ки дар он баррасии одилонаи парванда дархост мешуд. Ва ин ҳамон мақоли мардумии “то реша дар об аст”-ро ба ёд меовараду то андозае ба инсон умед мебахшад.
Ва инҷониб ҳам умед дорам, ки решаи ҳамраъйӣ торафт на хушк, балки бузургтару бузургтар мегардад. Ва ҷомеаи рӯзноманигорӣ дар сурати пеш омадани қазияҳои монанд, ҳатто барои онҳое ки дар чунин қазияҳо худро канор мекашанд, бетарафӣ ихтиёр намекунанд.
Далер аз нафароне буд, ки дар лаҳзаи душворӣ дасти ҳампешаҳоро мегирифт. Мисоли рӯшан қазияи ҳамкасби дигари мо М.Ҳ. аст, ки Далер аз рӯзи аввал то поёни ин қазия дар паҳлӯи ӯ буд ва кумак мерасонд. Инро ҳамаи афроди огаҳ аз қазияи мазкур медонистанд (ва мутаассифона, дар қазияи М.Ҳ. низ бархе журналистон дар сангари муқобил қарор гирифта, матлабҳои зананда навиштанд).
Умедворам, қазияи Далер Шарифов бо хубӣ меанҷомад ва сӯитафоҳумҳо бартараф мегарданд. Дубора дар озодӣ сари як пиёла чой ё як финҷон қаҳва дар ҷамъи дӯстон аз шӯхиҳои ӯ завқ карда механдем…
Рӯзи омӯзгорон. Сокинон дар бораи муаллими худ чӣ мегӯянд?
Адабиёт, мактаб ва расонаву филмҳо. Чӣ гуна забони меъёри тоҷикиро оммавӣ кунем?
"Шуълаи орзу". Филми мустанад дар бораи ҷавоне, ки мушкилиҳои зиндагӣ ӯро қаҳрамон кард
Истаравшан шаҳри умумиҷаҳонии ҳунармандӣ шуд. Ин шаҳр бо чӣ машҳур аст?
Ду медали Тоҷикистон дар мусобиқоти ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонон
“Мехост хонаи давлатиро хусусӣ кунад” Ҷузъиёти боздошти роҳбари дастгоҳи шаҳри Истиқлол
Парлумони Тоҷикистон тартиби соддакунии ҳамлу нақли борро бо Ӯзбекистон тасдиқ кард
“Пул надоштам”. Милитсияи пойтахт навори ҷузъиёти ҳамла ба ронандаи “Як такси”-ро нашр кард
Нашри китоб дар бораи таърихи ҷанги шаҳрвандӣ ва корномаи Эмомалӣ Раҳмон бо забони арабӣ дар Миср
"Ба ихроҷ омода шавед". Дар Русия амалиёти “Нелегал-2024” мегузарад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста