Ҳафтаи гузашта ин саодат даст дод, ки иттифоқан бо ҷаҳонпаҳлавон Расул Боқиев, дар ресторани "Шумон" шинос шавам. Аз андомаш эҳсоси қувваву қудрат эҳсос мешавад, вале чунон муаддабу фурӯтан аст, ки мегӯӣ писари ҳамсоя бошад.

Корномаи Расул шефтакунанда аст, пайрави падари паҳлавонаш, зинаҳои зиёду мушкилро тай кардааст ва номбардори миллат гаштааст. Вақте зӯрозмоияшро дар майдон мебинӣ, аз чусту чолокияш дар шигифт мемонӣ. Ҳамеша дар майдон намоди эътимод ба нафси худ ва устувор аст. Аксаран аввал ба ҳариф имкон медиҳад, ки худро биёзмояд, вале вақте қарор кард, ки корро тамом кунад, бо як ҳамла он қадр тозаву озода мезанад, ки ҳамеша шоёни кафкӯбиҳои ҳамагон мегардад. Баъд ҷавонмардона ба ҳариф даст дароз мекунад ва сухани лозим ҳам барояш пайдо мекунад...

Ҷавонмарди номбардори миллат аст. Зиҳӣ ҷаҳонпаҳлавон!

Ин руҷӯъе буд, то як андешаеро, ки чанде дар зеҳн мечархад, рӯи сатр бирезам. Сафари охири банда ба Маскав дар моҳи ноябр-декабри соли гузашта сурат гирифта буд. Дар ин сафар иттифоқи ғарибе уфтод, ки зеҳнамро замоне машғул медошт.

Рӯзе бо духтаронам Манижа ва Нилуфар дар қаҳвахонае ғизо мехӯрдем, ки ду нафар ҷавони қафқозӣ ба мизи ҳамсоя нишастанд ва аз ҳамон оғоз бо пешхидматдухтар ҷанҷол сар карданд. Хусусан яке аз онҳо, ки сархуш менамуд, пайваста эрод мегирифт, мегуфт ман ду қаҳва фармудам чаро якто овардӣ, пояшро бо кафши олуда рӯи курсии пешаш гузошта буд ва ба эроди пешхидмат эътино намекард, ки дар ниҳоят пешхидмат маҷбур шуд курсиро аз зери пояш кашида гирад ва огоҳ намуд, ки пулисро даъват мекунад. Ин ҷавон бо дашном арбада мекард ва дар ниҳоят мизро бо пояш зада чаппа кард, ки ҷуръаҳо шикастанд ва қаҳва пош хӯрд, ки чакрааш ба кафши Нилуфари ман низ расид. Авбош боз ҳам ба пешхидмат душному сақат мегуфт. Ман аз он беадаб пурсидам, ки аз кирдораш шарм намедорад? Ӯ ба ман рӯй оварда пурсид, ки ман чӣ мехоҳам. Ман гуфтам, ки ҳадди аққал бояд аз ману духтарам ва дигар меҳмонон узр пурсад. Ӯ ба ман ишора кард, ки узрашро дар берун хоҳад гуфт.

Мо ба берун баромадем ва ӯ ба мунозира оғоз кард. Ҳамаш дар бораи мардуми рус бад мегуфту ба атроф бӯи шароб меафканд. Таҳдид мекард, ки устухонҳои маро мешиканад. Ман мунтазири ҳаракати ноҷояш будам, ки адабашро бидиҳам.

Ҳамаш ҳарфҳои берабт дар бораи моҷарои ҷангу куштор дар Қафқоз мегуфт ва вақте ман гуфтам, ки баҳси миллати русу қафқоз кори худаш аст ва ман тоҷикам, ӯ якбора ақиб кашид ва "бародар ту тоҷик бошӣ, ман ҳарфе надорам" гуфта бахшиш пурсид ва қазия бо ҳамин ба охир расид...

Чандин бор дар расонаву шабакаҳо моҷарои баҳсу кашокаши ҷавонони тоҷикро бо қафқозиҳову дигар миллатҳо хондаам ва медонистам, ки дар Русия ҷавонони боору номуси тоҷик кам нестанд. Вале боз ҳам бо назардошти он ҳама таҳқиру сақат, ки ба сари тоҷикон дар фазои маҷозии Русия рехта мешавад, ҳеч интизор надоштам, ки бо чунин вокунише аз сӯи як авбошмаслак рӯбарӯ мешавам. Аз як сӯ ин бардошти он авбош ва амсоли он натиҷаи муборизаи ҷавонони боору номус ва сарбаланди тоҷик бар зидди беадолатӣ ва таҳқир бошад, аз сӯи дигар ҳосили дастовардҳои варзишгароне чун Расул ва ҳамтоёни тоҷикаш аст.

Дар китоби "Моҷарои рафта" як ёддошт аз хидмат дар артиш навишта будам. Дар артиши шӯравӣ ҷавонони тоҷик шӯҳрати нотарсиву гарданкашӣ доштанд, Худоро шукр мекунам, ки ин сифат дар байни миллатҳои шӯравӣ ҳоло ҳам қадре ҳифз шудааст. “Овозаи Рустам беҳ аз худи Рустам”, шӯҳрати ғурури ҷавонони тоҷик он рӯз маро аз дарди сари кашокашу ҷанҷол раҳо кард.

Дар ҷомеа баҳсҳое дар боби улуми инсонӣ ва дақиқ гарманд. Дар канори омӯзиши илм барномаи тарбияи ҷисмонии писарон, варзишу шиновариро низ набояд фаромӯш кунем. Мо наберагони ҳамон Рустаму Исфандиёри шамшерзану гурзафканем. Бояд миллат барномаи тарбияи Расулу Комроншоҳ ва Хисраву Сомону Муҳаммадхӯҷаҳо дошта бошад.

Собит аст, ки вақте ҷавон ҷисман тавоно бошад, эътимод ба нафсаш ҳам боло меравад ва мушкилоти ҳаётиро осон паси сар мекунад...

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.