Ин навишта бознашр аз саҳфаи фейсбукии Ҷомӣ Пулодзода аст, ки дар бораи "облава" ё сарбозгирии маҷбурӣ менависад. Ба навиштаи ӯ, масъулин бо вуҷуде, ки медонистанд ӯ дар хонавода яккаписар аст ва хидматчии давлатӣ низ ҳаст, аммо иҷборан ӯро ба мошин бор кардаву ба комиссариати ноҳия бурдаанд. Қазия соли 2019 сурат гирифтааст. Идомаашро аз забони худи ӯ бихонед (имлои навиштории муаллиф тағйир дода нашудааст):

Облава- нуқсони модарзодӣ! ва ё *Кӯри зи модар омада, бино" намешавад*

Ягона сабабе, ки модари ман тайи як ҳафта мешавад бар асари фишорбаландӣ ва асаб дар беморхона табобат мегиранд, ҳамин мавзӯи Облава мебошад. Ба чӣ хотир? Ба хотире, ки болои ин ин қадар фикру фишорҳои зиндагӣ, боз Облава шудани яккаписарашро аз дохили МИҲД, аз рафти озмуни ҷойҳои кории холӣ шунида, бештар фикр карданд.

Ин мавзӯи облаваи лаънатӣ одамро ҳам шоир мекардаасту ва ҳам нависанда. Аз забони Раиси комиссияи сафарбаркунии ҳамонвақта Хушзода Шералӣ ба ҷои дастгирӣ ва дилбардорӣ ҳамин сухан “Хай аку ихелӣ коро мешава ҳиҷ гап не” садо дод. Борҳо ният кардам, ки мебахшамашон. Вале виҷдонам ором нагузошт, ки нагузошт. Чунки ин корро дониста карданд. Медонистанд, ки ман яккаписар ҳастаму ҳамзамон хизматчии давлатӣ.

Акнун Шумо бигуед дӯстони азиз чи хел онҳоро бубахшам, ки сабаби асабӣ кардани ману модарам гаштаанд. Дар ин росто на адолати Худовандиро эҳсос кардаму ва на аз се шохаи ҳокимиятро. Тасаввур кунед, Облава қабулгоҳи раиси як ноҳия даромада шаҳрвандонро печонда мебарад. Дар асри 21 бовар кунед ин шармандагист.

Аз он лаҳзаи Облава шуданам то ҳол дар фикри баробар кардани ҳисобу китоб ҳастам. То вақте, ки ин мушкилӣ ҳалли худро наёбад ҳар нафасе, ки мекашам барои ман ҳаром аст. Аз Худованд хоҳиш дорам, ки манро ҳеҷ гоҳ ба ҳоли худ раҳо накунд, ки мабодо ягон кори ношоиста накунам. Ҳама мегуянд: ин маръракаи сиёсист, бибихшашон, моро ҳам чандин бор облава кардаанд, ва дигару дигар гапҳое, ки ба дили ман ҳеҷ асар намекунад ба ҷуз баробар кардани ҳисобу китоб.

То замоне, ки омада, аз ману модарам узр напурсанду баёнотҳошон гирифта нашаваду зарари маънавиро напардозанд ягон хел дуруду салавоту палавот ба гузашта, нест. Таҳқире, ки манро кардаанд мебахшам, аммо таҳқире, ки модарамро карданд ҳаргиз. Чунки модарам ҳама чизу каси ман аст. Дар давлат ва сиёсат 30 сари сол сарбаландона кору фаъолияти бенуқсон намудааст. Магар яккаписараш, ки дар оилаи хизматчии давлатӣ ба воя расидаасту дипломи олӣ дорад, ҳақ надорад, ки дар ин ё он сохтор фаъолият кунад. Чаро монеаш мешавед намефаҳмам?

Таърихи облава шуданам:

Мо як зумра довталабон дар дохили МИҲД- ии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, дар ошёнаи дуюм ба супоридани озмуни ҷойҳои холии корӣ машғул будем, ки ногаҳон се нафар аз куҷое пайдо шуду дар дасти якеаш як варақ буд. Номҳои довталабон дар он варақ бо хатҳои каҷу килеб навишта шуда буд. Ман гумон кардам, ки инҷо ягон чизи дигар ҷараён дораду аҳамият надода, нав ба толори озмун медаромадам, ки ногаҳон ҳама пароканда шуд. Пасон се нафари моро аз ҷумла манро маҷбурӣ аз дастҳомон дошта, дар ҳавои боронӣ ба мошин савор карда, ба бинои Комиссариат бурданд. Ман гуфтамашон, ки як лаҳза сабр кунед. Ин амали хато аст. Аввал ин, ки ман яккаписар ҳастам, дувум ин, ки хизматчии давлатӣ. Гузоред то озмунро супорам, пасон меравем. Ҳе ба ки мегуи Ҷомии сода.

Хуллас, рафтем бинои Комиссариат, онҷо як аблаҳӣ будааст. Хаёл кардам, ки инҷо маҳбас аст ё боғи ҳайвонот. То падарам наомад раҳоям накарданд. Баргашта омадем, ки озмун тамом шудааст. Намояндаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикитсон дар ҳисоботаш бе далел қайд намудааст, ки “довталабон ба озмун иштирок накардаан”. О модоме, ки облава қонунӣ бошад пас чаро асли воқеаро дарҷ накарданд.

Ман парвои озмун позмун надорам, аммо парвои шаъну шараф дорам. Ин давлати ҳуқуқбунёд аст ва бояд ба ҳуқуқи шаҳрвандонаш арҷ гузорад. Шаъну шарафи довталабро дар назди дигар довталабоне, ки аксарияташонро духтарҳо ташкил медоданд, ки ба онҳо ҳуқуқ додааст паст зананд. Маъракаи сиёсӣ? Не! Ман тақрибан 20 рӯз қабл аз озмун дар дасти кадр ҳуҷҷатҳоямро супоридам онҷо ҳамааш буд, маълумотномаи ҷамоати маҳал, приписной, ки яккаписар будани манро тасдиқ мекарданд. Инҳоро дидаву дониста, ки номи манро дар руйхт ворид кардааст. ? Суоле, ки ҷавоб мехоҳад. Ман маҷбурам магар ба ноадолатӣ тоб орам?

Аз осмону мақомотҳои марбута ҳеҷ кӯмаке намерасад. Модоме, ки сафарбаркуниро маъракаи сиёсӣ меномеду бо аблава кардан иҷрояш мекунед пас фарҳанги облавакуниро риоя намоед. Одитарин паҳлуҳои зиндагии мо дорои қоидаҳои махсус аст. Ин аблаҳоне, ки ин шабу рӯзҳо ба аблавакунӣ машғул ҳастанд, на худашонро муаррифӣ мекунанд ва на ҳуҷҷат нишон медиҳанд. Дар ними шаб мошини Опел астраҷии сафед бе рақами қайди давлатӣ облава мекунад. Ин айб нест магар.? Ман АДОЛАТ мехоҳам чизи дигар не!!!

Дар рӯзи рӯшан дар маркази шаҳр ин аблава не аблаҳӣ буд, ҳаст ва худо кунад, ки намонад

Мавзӯи облава шуданамро бисёр ҷиддӣ, ки гирифтам, модарам аз фикри зиёд ба беморхона афтиду аксарияту ақаллият, ки агар аз сари фарзандонашон як тори муй кам шавад девона мешаванд. Аммо фикр намекунанд, ки аз сари ман чиҳо гузашт, ва мегуянд: хай фаромуш куну ба Худованд супорашон ба гузашта салавот бигу. Ҳой мардум фарзанди ҳар кас барои волидайнаш азизу муқаддасу мӯътабар аст. То ин мавзӯ ҳаллу фасли худро наёбад, ягон хел дуруду салавот ба гузашта нест, ки нест. Ҳеҷ гоҳ таҳқири ошкоро ва руиростро намебахшам.

Чаро ба Худованд месупурдамашон? модоме, ки қонун, мақомот, давлат, адолат бошад. Нафаре ба Худованд месупорад, ки худаш маслуқ аст. Чаро ман месупоридаам.? То ҳал шудани ин қазия, ман мубориза мебарам. Ҳамон. Шаҳбол Мирзоеве, ки дар ким кадом қисми низомӣ маъюбу маслуқаш карда буданд, ана ҳамон ба Худованд супорад мешавад, Чунки вай дигар оҷизу нотавон шуда буд. Дурустараш кардандаш сифлаҳо. Ва чунон шикастандаш, ки дигар дари ин ё он мақомот рафта натавонад ва наметонист. Ҳама бояд дер ё зуд дар назди қонун баробар ҷавоб диҳад. Ин давлати ҳуқуқбунёд аст.

Аз тамоми равшанфикрони ҷомеаи шаҳрвандӣ тақозо дорам, ки ҷиҳати барҳам додани облава фикур андешаҳои худашонро пешниҳод намоянд. Сари ин масъалаи ҷузъӣ то кай меистем???

Бо эҳтиром Пулодзода Ҷомӣ

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.