Душанбе. 26-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Пагоҳ дастаи миллии мунтахаби футболи Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар мусобиқоти ниҳоӣ оид ба футболи Ҷоми даъвати Осиё ба шаҳри Ҳайдарободи Ҳиндустон сафар мекунад.
Аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар гурӯҳи «А» ҳарифони футболбозони тоҷик дастаҳои Туркманистон, Ҳиндустон ва Афғонистон мебошанд.
«Вохӯрии нахустин бо дастаи Турқманистон санаи 30-уми июл баргузор хоҳад гашт», - иттилоъ дод манбаъ.
«Бозии дуввум бо дастаи соҳибони майдон - Ҳиндустон дар таърихи 1-уми август ва вохӯрии саввум бо футболбозони Афғонистон 3-уми август доир мегардад»,- гуфт манбаъ ва афзуд, ки дар гурӯҳи «В»-и мусобиқот дастаҳои Кореяи Шимолӣ, Мянма, Непал ва Шри-Ланка бо ҳам қувваозмоӣ мекунанд.
Ёдрас мекунем, ки ғолиби мусобиқа соҳиби роҳхат ба мусобиқоти Ҷоми Осиё-2001 мегардад.
Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Гулистон
Иштироки намояндагони Тоҷикистон дар форуми сайёҳӣ дар Кореяи Ҷанубӣ
Тоҷикистон дар семоҳаи аввал ба ҳамсояҳо қариб ба 7,2 млн доллар барқ фурӯхт
Миёни ду донишгоҳу донишкадаи Тоҷикистон ва нӯҳ донишгоҳи Ӯзбекистон созишнома имзо шуд
Бинои нави Сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд
Дар 10 минтақаи Русия фаъолияти муҳоҷирон дар баъзе соҳаҳоро манъ карданд
“Чанд ҳавопаймои бесарнишин сарнагун шуд”. Исроил ба Эрон ҳамлаи ҷавобӣ кард?
Ирсоли 3,5 ҳазор тонна кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба осебдидагони Қазоқистон
Тақсими об дар Осиёи Марказӣ: барои обёрӣ ва баҳри Арал
Ҳабси маъмурӣ ва маҳрумият аз ронандагӣ. Вокуниш ба навори “Азия-Плюс”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста