Душанбе. 19-уми август. ОИ «Азия-Плюс» -
Президенти Ассотсиатсияи рӯзноманигорони риштаи варзиши ҷумҳурӣ Нарзулло Латифов аз Пекин тариқи телефон хабар дод, ки то имрӯз ч
ор нафар варзишгарони тоҷик - шиноварон Катерина Измайлова ва Алишер Чингизов, камонвар Албина Камолиддинова ва вазнабардор Низом Сангов аз Бозиҳои Олимпии Пекин ба ватан баргаштанд. Варзишгарони дигари Тоҷикистон 24-уми август дар маросими пӯшидашавии Бозиҳои Олимпии Пекин иштирок хоҳанд кард.
Ба гуфтаи Н.Латифов, ба наздики дар мусобиқоти гӯштини тарзи озод варзишгари Тоҷикистон Виталий Корякин дар сонияи 37-уми қувваозмоӣ аз гӯштингири Ҷопон Кенияи Юмото мағлуб шуд. Дар ин навъи мусобиқоти гӯштингирӣ намояндаи дигари Тоҷикистон Юсуф Абдусаломов рӯзи 21-уми август ба қувваозмоӣ шурӯъ хоҳад кард.
Мавсуф ҳамчунин изҳор дошт, ки имрӯз соати 18-у 45 дақиқаи вақти маҳаллӣ барои дарёфти роҳхат ба мусобиқоти нимниҳоӣ қувваозмоии боксчии тоҷик Ҷаҳон Қурбонов бо варзишгари қазоқ Еркибулан Шиналиев баргузор мешавад.
Дар Бозиҳои Олимпии Пекин айни замон Тоҷикистон дар мақоми 66-ум ҷой гирифтааст.
Афви зиндониён. Имрӯз 697 нафари дигар аз зиндонҳои Тоҷикистон озод шуданд.
Як сол баъди ҳамла ба “Крокус”. Пайвандони 4 гумонбари асосӣ дар чӣ ҳоланд ва дар бораи фарзандонашон чӣ медонанд?
Чашм во кун, рангу асрори дигар дорад баҳор... Андар муносибати ҷашни Наврӯз ба дину мазҳаб
Афви тақрибан 900 зиндонӣ. Аллакай, 200 кас аз зиндонҳои Тоҷикистон озод шуданд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 марти соли 2025
Суманак – сӣ малак? Аз ривоятҳо то ҳақиқати суманак
Наврӯз-бузургтарин ҷашни миллӣ муборак бод!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 марти соли 2025
Интернет дар Тоҷикистон арзон мешавад?
Таъкиди раиси ҷумҳур ҳам асар накард? “Маршировка”-и садҳо донишҷӯй дар Хуҷанд барои таҷлили ҷашни Наврӯз
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста