Душанбе. 21-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз варзишгари Тоҷикистон Юсуф Абдусаломов дар мусобиқоти гӯштини тарзи озоди Олимпиадаи Пекин дар вазни то 84 килграмм барои медали тилло қувваозмоӣ хоҳад кард.
Президенти Ассотсиатсияи рӯзноманигорони риштаи варзиши ҷумҳурӣ Нарзулло Латифов аз Пекин тариқи телефон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки Ю.Абдусаломов дар қувваозмоии ҳаштякниҳоӣ бо ҳисоби 8 бар 0 рақиби австралиягии худро мағлуб сохта, дар қувваозмоии чаҳорякниҳоӣ бо ҳисоби 7 бар 0 бар варзишгари украинӣ Тарас Данко дастболо гардид.
«Дар қувваозмоии нимниҳоӣ Юсуф Абдусаломов варзишгари Туркия Серхат Балчиро бо ҳисоби 4 бар 0 шикаст дод ва акнун дар даври ниҳоӣ бо варзишгари гурҷӣ Ревази Миндарашвили қувваозмоӣ хоҳад кард», - гуфт Н.Латифов.
Ҳамин тариқ, Юсуф Аюдусаломов ҳатто дар сурати бохти қувваозмоии охирин соҳиби медали нуқра хоҳад гашт. «Қувваозмоии ниҳоии мусобиқоти гӯштини тарзи озод дар ин вазн соати 13.00-и вақти Душанбе оғоз мешавад», - афзуд Н.Латифов.
Интернет дар Тоҷикистон арзон мешавад?
Таъкиди раиси ҷумҳур ҳам асар накард? “Маршировка”-и садҳо донишҷӯй дар Хуҷанд барои таҷлили ҷашни Наврӯз
Ду рӯз пеш аз солгарди ҳамла ба “Крокус”. Муҳлати ҳабси гумонбарони асосӣ ду моҳи дигар тамдид шуд
Баҳорро бо пойгоҳҳои нави базавӣ пешвоз мегирем!
Замону макони чорабиниҳо маълум шуд. Имсол ҷашни Наврӯз дар Суғд чӣ гуна таҷлил мешавад?
Наврӯз муборак! Дар Тоҷикистон Соли нави хуршедӣ фаро расид
Ҳалли масоили сарҳадӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон – намунаи беназир дар шароити кунунии ҷаҳонӣ
“Дар умрам дору нахӯрдаам”. Қиссаи зани 120 солае, ки 210 набераву абераву чабера дорад
Раёсати маорифи Душанбе аз волидайн хост, ки кӯдаконашонро ба "идгардак" нафиристанд
Додихудо Шарифзода, собиқ муовини “Авангард” боздошт шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста