Душанбе. 10-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» - Қаҳрамони футболи Тоҷикистон дастаи «Регар» ТадАЗ»-и Турсунзода имрӯз дар доираи омодагӣ ба дар давраи 17-уми Ҷоми Иттиҳод дар пойтахти Тотористон бо ҳайати дуюми дастаи «Рубин»-и Қазон рақобат хоҳад кард. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз Федератсияи Футболи мамлакат хабар доданд.
Ба гуфтаи манбаъ, тамриноти даста дар Қазон то 15-уми январ идома ёфта, дар
доираи он дастаи «Регар-ТадАЗ» боз ду бозии санҷишии дигар анҷом хоҳад дод. Бояд гуфт, дар давраи 17-уми Ҷоми Иттиҳод, ки аз 17-ум то 25-уми январ дар шаҳри Маскав баргузор хоҳад гашт, тими «Регар-ТадАЗ» дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои «Левадия»-и Эстония, «Шериф»-и Молдова ва «Шахтёр»-и Украина зӯрозмоӣ мекунад.
Дар давраи навбатии Ҷоми Иттиҳод 16 даста дар чаҳор гур
ӯ
ҳ бо ҳам рақобат хоҳанд кард. Мавриди зикр аст, дастаи «Регар-Тадаз» ҷумҳурии моро дар ин мусобиқаи анъанавии байналмилалӣ бори ҳаштум намояндаг
ӣ
мекунад.
“Шавҳаратро ёфта биёр, пулатро мерӯёнем”. Саргардонии як зан барои рӯёнидани ҳаққи кӯдаконаш аз падарашон
Боздошти як мард бо гумони фиреби хоҳишмандони кор дар Аврупо
“Хабари паҳнгардида асос надорад!”. Милитсияи пойтахт гуфт, ба аҳолӣ тавассути “WhatsApp” паём нафиристодааст
Раиси як ҷамоатро барои “ҳоҷиошӣ” беш аз 57 ҳазор сомонӣ ҷарима ва аз вазифа барканор карданд
Бекор шудани маҳдудият дар фурӯши гази моеъ нархи онро каме поин кард
Дар Ховалинг мактаберо ба номи як қурбонии низои марзии Тоҷикистону Қирғизистон гузоштанд
Ӯзбекистон расмиёти дохилии тартиби соддакунии боркашонӣ бо Тоҷикистонро ба анҷом расонид
Шаҳрвандии Русия дореду дар қайди ҳарбӣ нестед. Метавонед аз шаҳрвандӣ маҳрум шавед
Оё электромобилҳо метавонанд камбуди мавсимии неруи барқро дар Тоҷикистон зиёдтар кунанд?
Зиндагии маъмулӣ пас аз зиндон. Маҳбусони собиқ чӣ гуна ба он бармегарданд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста