Хуҷанд. 30-юми март. ОИ «Азия-Плюс» - Дар мусобиқоти қаҳрамонии кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба гӯштии самбо дар шаҳри Хуҷанд дастаи Тоҷикистон пирӯз гардид.
Мусобиқа барои аввалин бор дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуда, дар он 140 варзишгар аз панҷ кишвари минтақа ширкат варзид. Қувваозмоиҳо аз рӯи 9 вазн дар ду тарз - гӯштии самбои врзишӣ ва низомӣ доир гардиданд.
Дар мусобиқот миёни мардон дастаи Тоҷикистон 6 медали тилло ва ду нуқра ба даст оварда, соҳиби мақоми аввал шуд. Ҷойҳои дуввуми саввум насиби самбочиёни Ӯзбекистону Қазоқистон гардид.
Дастаи Ӯзбекистон дар мусобиқот миёни занон мақоми аввалро ишғол кард. Дастаи занонаи Қазоқистон зинаи дуввум ва Тоҷикистон мақоми саввумро соҳиб шуданд.
Дар мусобиқоти гӯштии самбои низомӣ дастаи Ӯзбекистон
ғолиб дониста шуда, зинаҳои дуввуму саввумро гӯштигирони Қирғизистону Туркманистон ишғол карданд. Тоҷикистон дар ин навъи мусобиқот мақоми чаҳорумро соҳиб гашт.
“Орзуи давлати пирӣ дошт”. Писари Аловуддин Абдуллоев аз нақшаҳои бозмондаи падар ва идомаи роҳи ӯ гуфт
Раисҷумҳур ва шаҳрдори Душанбе аз сохтмони Театри миллӣ ва корхонаи “Акиа Авесто” боздид карданд
Барқи Осиёи Марказӣ: чаро он то ҳол "сабз" нест?
Марде, ки зану хушдоманашро бо табар кушта буд, 25 сол равонаи зиндон шуд
Як ҳайат аз Афғонистон барои ширкат дар нишасти “CASA-1000” ба Тоҷикистон омадааст
Дар бозии ситораҳои футболи Тоҷикистону Русия киҳо ширкат мекунанд?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Оташи ҷонсӯз” қисми 1
Мақомот аз гармои шадид ва омадани чангу ғубор дар чанд рӯзи оянда ҳушдор медиҳанд
Нахустнамоиши филми “Хоби сурх” кай ва дар куҷо доир мегардад?
Ҳарифи нави Муҳаммад Наимов дар мусобиқаи UFC Baku маълум шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста