Душанбе. 18-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Пойгаи марафонӣ бахшида ба ҷашни Рӯзи пойтахт оғоз гардид.
Чӣ тавре ки сардори раёсати кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии мақомоти шаҳрдории Душанбе Дилшод Қурбонов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, марафон аз соати 8 то 11 аз хиёбони Ҳофизи Шерозӣ оғоз гардида, то посгоҳи БДА-и «Чорбоғ»-и ноҳияи Варзоб идома меёбад ва сипас аз он ҷо варзишгарон боз то ҷойи аввала бармегарданд. «Баҳри ҳавасмандии иштирокчиён аз ҳисоби воситаҳои озоди буҷаи шаҳр 24 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардида, ғолиби марафон бо 5 ҳазор ва ҷойҳои дуввуму саввум мутаносибан бо 4 ва 3 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ қадронӣ хоҳанд шуд», - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Д.Қурбонов, барои иштирок дар марафон донишҷӯёни макотиби олӣ ва намояндагони корхонаву муассисоти шаҳр даъват шудаанд. «Намояндагони корпусҳои дипломатии муқими пойтахт низ хоҳиши иштирок дар пойгаи марафониро иброз доштанд», - афзуд Д.Қурбонов.



Аз зодрӯзу хатнасур ва саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ, то фолбинию фоҳишагӣ. Аз соли нав барои кадом қонуншиканӣ ҷарима боло меравад?
“Google” ва “Apple” ба корбарони худ дар Тоҷикистон дар бораи ҳамлаҳои сайберӣ ҳушдор додаанд
Идомаи “шикори хлопушка”. Боз ду нафарро бо гумони фурӯши маводи тарфгарӣ боздошт кардаанд
Ба як ҷойи кории холӣ дар кишвар 6 кас рост меоянд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 38
Муҳоҷирати меҳнатии бехатар. Чӣ гуна метавон аз доми фиреби қаллобон эмин буд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 декабри соли 2025
Вакилони парлумон қонунеро қабул карданд, ки барои воридоти аккумулятор пули “утилизатсия” ситонида мешавад
Нокомии ҷудокорони тоҷик дар “Tokyo Grand Slam 2025”. Онҳо аз Ҷопон бемедал бармегарданд
КҲФ марги як зану шавҳар дар Рашт бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ангиштро тасдиқ кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста