Душанбе. 1-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон боз ба як унвони байнулмилалӣ - медали тиллои Федератсияи байнулмилалии самбо сазовор дониста шуд.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, маросими супурдани медал зимни сафари кории сарвари давлат ба вилояти Суғд дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор шудааст.
Ба Эмомалӣ Раҳмон медалро ноиби президенти Федератсияи байнулмилалии самбо, президенти Федератсияи самбои Осиё Фазлиддин Пӯлодов супурдааст. Ф.Пӯлодов зимни супоридани мукофот саҳми президенти кишварро дар кори тарбияи насли солим ва рушди ин намуди варзиш дар тамоми минтақаи Осиё таъкид сохтааст.
Тибқи маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон аз қадрдонии Федератсияи байнулмилалии самбо изҳори миннатдорӣ карда, таъкид сохтааст, ки ин унвонро на ҳамчун тӯҳфа ба худаш, балки чун қадрдонии тамоми варзишгарони ҷумҳурӣ арзёбӣ мекунад.
Ҷашни Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак!
“Заволи пиряхҳо” – филми мустанад оид ба хатари обшавии пиряхҳои Тоҷикистон
Бидуни журнали анъанавӣ. Дар кадом мактабҳои Душанбе истифодаи журнали электронӣ ҷорӣ шудааст?
Artel. Бузургтарин фабрикаи истеҳсоли техникаи маишӣ чӣ тавр фаъолият мекунад?
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Стипендия ба номи Соҳиб Табаров таъсис дода шуд
Китоби “Тоҷикон”-ро нагирифтед? Аз ҳукуматҳои маҳаллӣ пурсед!
Корхонаи коркарди нафти Данғара шарик ва ашёи хом барои коркард меёбад?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Тарсутар аз тарсу”
Далер Назаров ҷоизаи давлатӣ гирифт
Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои вилоят баста мешавад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста