Душанбе. 24-уми июн. «Азия-Плюс» – | Вохӯрии дӯстонаи дар таърихи 25-уми июн дар варзишгоҳи шаҳри Норак пешбинишуда миёни футболбозони дастаи мунтахаби Афғонистон ва тими «Истиқлол»-и Душанбе баргузор намешавад.
Дар ин бора дар сомонаи расмии дастаи футболи «Истиқлол» бо такя ба маълумоти сардори шӯъба оид ба баргузории мусобиқоти Федератсияи футболи Тоҷикистон Шавкат Аҳмедов хабар дода мешавад.
Ба гуфтаи Шавкат Аҳмедов, рӯзи 22-юми июни соли ҷорӣ дастаи мунтахаби футболи Афғонистон ҷиҳати омодагӣ ба вохӯрӣ бо дастаи Фаластин дар даври аввали марҳилаи интихобӣ ба мусобиқоти Чемпионати ҷаҳон бояд ба Тоҷикистон меомад. «Аммо бинобар бад шудани вазъи амният дар Афғонистон, дастаи мунтахаби ин кишвар танҳо чанд рӯзе қабл аз баргузории вохӯрӣ бо дастаи Фаластин ба Тоҷикистон хоҳад омад. Аз ин рӯ, вохӯрии пешбинишудаи дастаи «Истиқлол» бо тими мунтахаби Афғонистон дар Норак баргузор намешавад», - гуфта мешавад дар хабари сомона.
Қаблан вохӯрии даври 18-уми чемпионати ҷумҳурӣ миёни дастаҳои «Истиқлол» ва «Хуҷанд», ки бояд 23-юми июн доир мегардид, ба вақти дигар мавқуф гузошта шуда буд. Вохӯрии даври 19-уми чемпионат миёни дастахои «Истиқлол» ва «Парвоз» мувофиқи тақвим рӯзи якшанбеи ҳафтаи равон баргузор хоҳад шуд.
Ҷашни Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак!
“Заволи пиряхҳо” – филми мустанад оид ба хатари обшавии пиряхҳои Тоҷикистон
Бидуни журнали анъанавӣ. Дар кадом мактабҳои Душанбе истифодаи журнали электронӣ ҷорӣ шудааст?
Artel. Бузургтарин фабрикаи истеҳсоли техникаи маишӣ чӣ тавр фаъолият мекунад?
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Стипендия ба номи Соҳиб Табаров таъсис дода шуд
Китоби “Тоҷикон”-ро нагирифтед? Аз ҳукуматҳои маҳаллӣ пурсед!
Корхонаи коркарди нафти Данғара шарик ва ашёи хом барои коркард меёбад?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Тарсутар аз тарсу”
Далер Назаров ҷоизаи давлатӣ гирифт
Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои вилоят баста мешавад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста