Дар ҷаласаи нахустини Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон дар соли равон дар бораи таъсиси Лигаи миллии футболи Тоҷикистон қарор қабул шуд.
Лигаи миллии футболи Тоҷикистон созмони ҷамъиятии ғайритиҷоратӣ буда, ба корҳои тадорукотии баргузор намудани чемпионати ҷумҳурӣ оид ба футбол машғул хоҳад шуд. Федератсияи футбол бевосита бо дастаҳои мунтахаб сарукор хоҳад дошт», - гуфт зимни суханронӣ дар ҷаласа муовини президенти ФФТ Валерий Турсунов.
Бо такя ба суханони В.Турсунов котиби матбуотии ФФТ Фаридун Солиев хабар дод, ки моҳи марти соли равон як комиссияи нозиротии Конфедератсияи футболи Осиё ба Тоҷикистон ташриф оварда, дар сурати хулосаи мусбати он, шурӯъ аз соли 2013 ду дастаи Тоҷикистон (ҷойҳои 1 ва 2-юм) дар давраи гурӯҳии Ҷоми КФО ширкат хоҳанд варзид.
Ба гуфтаи Солиев, дар ҷаласа ҳамчунин масъалаи тарзи баргузории чемпионати имсола низ баррасӣ шуда, қарор шудааст он дар ду давр доир гардад. «Шумори дақиқи иштирокчиёни чемионат ҳанӯз маълум нест. Чемпионати соли равон оид ба футбол 6-уми апрел оғоз гардида, бино ба маълумоти пешакӣ дар он 14 даста иштирок мекунанд. Ба ҷуз 11 дастаи соли гузашта, омдагии худро ҷиҳати иштирок дар ҷемпионат дастаҳои «Зарафшон» (Панҷакент), «Истаравшан» (Истаравшан) ва «Ҳосилот» (Фархор) изҳор кардаанд», - гуфт вай.
Номбурда ҳамчунин иброз дошт, ки аз ин ба баъд маблағи хизматгузории доварон ва нозиронро на дастаҳо, балки Лигаи миллии футбол пардохт хоҳад кард. Дастаҳо танҳо пардохти маблағи хароҷоти сафари онҳоро ба дӯш хоҳанд гирифт. Ғайр аз ин, қарор шуд, шурӯъ аз соли равон ба ивази мусобиқоти анъанавӣ бахшида ба хотири Рустам Долтабоев мусобиқоти Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон созмон дода мешавад. Мусобиқоти ҳайти дуюми тимҳо низ ба мусобиқоти дастаи ҳайати ҷавонон номгузорӣ шуда, дар ду давр баргузор мешавад.
Оғози мавсими саёҳати дохилӣ. Рӯзноманигорону блогерон ба кашфи ганҷинаҳои Тоҷикистон рафтанд
Ҳаҷвнигоре, ки ханда дар лаб даргузашт. Ёдномаи Қиёмиддин Чақалов, ки имрӯз 80-сола шуд
Путин оташбаси серӯза эълон кард. Ин дафъа ба муносибати Рӯзи Ғалаба
Баъди мулоқоти Тошиев бо сафири Русия, муттаҳамони парвандаи "ҷалби зархаридон” аз боздоштгоҳ раҳо шудаанд
Барои истифодаи нодурусти барқу гармӣ ҳам ҷарима пешбинӣ шуд
“Шоҳ”-е, ки аз гуноҳи ҳама гузашт, даргузашт. Асланшоҳ Раҳматуллоев дар Лучоб ба хок супорида шуд
Дар пайи як садамаи нақлиётӣ дар Ёвон 5 кас ҷон бохтанд
Қарздорӣ аз музди меҳнат дар Тоҷикистон дар як сол 20% зиёд шудааст
Ҳафт медали ҷудокорони тоҷик дар қаҳрамонии ҷудои Осиё дар Тайланд
Музокироти сеюми Эрон ва Амрико. Ҷонибҳо онро “хеле ҷиддитар аз гузашта” тавсиф карданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста