Футболбозони навраси тоҷик дар мусобиқоти Чемпионати кушоди Русия оид ба футбол миёни дастаҳои хонаҳои кӯдакон ва мактаб-интернатҳо соҳиби медали биринҷӣ шуд.
Дар шаҳри Сочи мусобиқоти ниҳоии Чемпионати кушоди Русия оид ба футбол таҳти унвони «Оянда ба ту вобаста аст» баргузор гардид. Мусобиқоти мазкур аз ҷониби ширкати «Мегафон» созмон дода шуд.
Дастаҳои Тоҷикистон – ғолибони давраи минтақавӣ аз ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ (гурӯҳи наврасони соли таваллуди 1997-1998) ва Нуробод (наврасони соли таваллуди 1999-2000) бозии хуб нишон дода, ба даври якҳаштфиналӣ роҳ ёфтанд. Сипас футболбозон аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо ғолибони ояндаи мусобиқот – дастаи «Каспий» аз Доғистон вохӯрда, ба шикаст мувоҷеҳ гардиданд ва аз иштирок дар даврҳои дигари мусобиқот маҳрум шуданд.
Дастаи футболбозони наврас аз ноҳияи Нуробод пас аз як силсила пирӯзиҳо ба даври нимниҳоии мусобиқот роҳ ёфта, дар бозӣ бо дастаи Абхозистон ба шикаст дучор шуданд. Дар бозӣ барои дарёфти ҷои сеюм бошад, бар дастаи Осетияи Ҷанубӣ дастболо шуда, ба мақоми сеюм ва медалҳои биринҷии мусобиқот сазовор шуданд.




Муҷтабо Хоманаӣ – писари Алии Хоманаӣ роҳбари нави Эрон интихоб шудааст
Ҳамла ба анборҳои нафту полоишгоҳҳо. Охирин хабарҳо аз Эрону Исроил ва дигар кишварҳои Ховари Миёна
“Азия-Плюс” занону духтарони Душанберо ба Рӯзи модар табрик кард. Иқдоми “Модарони Душанбе” чӣ гуна гузашт?
Рӯзи модар муборак, бонувони азиз!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 марти соли 2026
Масъуди Пизишкиён гуфт, Эрон бо кадом шарт ба кишварҳои ҳамсояаш ҳамла намекунад. Рӯзи ҳаштуми ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
"Азия-Плюс" ба зиндони занонаи Норак беш аз 500 китоб тақдим кард ва бо шароити маҳбусон шинос шуд
Ҷасади Таҳминаи 21-соларо баъди як моҳи бедаракшавӣ дар наздикии марз бо Ӯзбекистон аз дарё пайдо карданд
"Moody’s" мавқеи соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистонро як зина беҳтар арзёбӣ кардааст
Бордорконии "ЭКО" дар Ислом – иҷоза аст ё мамнӯъ? Муфтии Тоҷикистон посух дод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста