Дар мусобиқоти гурзандозӣ дар Қазоқистон варзишгари душанбегӣ Сӯҳроб Хоҷаев бо нишондиҳандаи 74 метру 20 сантиметр зинаи аввалро ишғол карда, барои дастаи Ӯзбекистон роҳхати олимпӣ ба даст овард.
Бино ба маълумоти хабаргузории 12.uz, ҳамин тариқ, шумори роҳхатҳои олимпии дастаи Ӯзбекистон ба 55 адад расид.
Соли 2010 дар ҳайати дастаи Тоҷикистон Сӯҳроб Хоҷаев дар мусобиқоти Чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонон соҳиби медали нуқра шуда буд. Ӯ дар Олимпиадаи наврасон дар Сингапур мебоист дастаи Тоҷикистонро намояндагӣ мекард, вале дар арафаи оғози мусобиқот ӯро ба варзишгари рақами дуюми дастаи мунтахаб Абдуқодир Баротов иваз карданд. Қобили зикр аст, ки ин варзишгар низ дар Белорус ба тамринҳо машғул буда, хоҳиши дар ҳайати дастаи мунтахаби ин кишвар ҳунарнамоӣ карданро доштааст.
Он замон мақомоти расмӣ сабаби ивази Хоҷаев ба варзишгари дигарро шарҳ надоданд. Падари варзишгар Рустам Хоҷаев сабаби дастаи мунтахабро тарк кардани писарашро ба набудани шароити мусоиду машқу тамринҳо дар Тоҷикистон марбут дониста буд. Аз ҷумла, ӯ чунин изҳор дошта буд: «Писари ман Сӯҳроб орзуи чемпиони ҷаҳон ё ғолиби Олимпиада шуданро дорад. Дар варзиш агар ҳадафи олӣ надошта бошӣ, беҳтар аст, ки ба он машғул нашавӣ. Барои ӯ дар Тоҷикистон шароити мусоид фароҳам оварда натавонистанд. Баъди зинаи дуюмро ишғол кардани Сӯҳроб дар чемпионати ҷаҳон дар Италия муддати чор моҳ ӯ дар ҳеҷ мусобиқоте иштирок накард. Барои камол ёфтан чун варзишгар шароит мавҷуд набуд».
Ногуфта намонад, ки дар Тошканд Сӯҳроб Хоҷаев таҳти роҳбарии зодаи дигари Тоҷикистон, чемпиони Бозиҳои олимпии соли 1992 дар гурзандозӣ Андрей Абдувалиев тамрин мекунад.
Оғози мавсими саёҳати дохилӣ. Рӯзноманигорону блогерон ба кашфи ганҷинаҳои Тоҷикистон рафтанд
Ҳаҷвнигоре, ки ханда дар лаб даргузашт. Ёдномаи Қиёмиддин Чақалов, ки имрӯз 80-сола шуд
Путин оташбаси серӯза эълон кард. Ин дафъа ба муносибати Рӯзи Ғалаба
Баъди мулоқоти Тошиев бо сафири Русия, муттаҳамони парвандаи "ҷалби зархаридон” аз боздоштгоҳ раҳо шудаанд
Барои истифодаи нодурусти барқу гармӣ ҳам ҷарима пешбинӣ шуд
“Шоҳ”-е, ки аз гуноҳи ҳама гузашт, даргузашт. Асланшоҳ Раҳматуллоев дар Лучоб ба хок супорида шуд
Дар пайи як садамаи нақлиётӣ дар Ёвон 5 кас ҷон бохтанд
Қарздорӣ аз музди меҳнат дар Тоҷикистон дар як сол 20% зиёд шудааст
Ҳафт медали ҷудокорони тоҷик дар қаҳрамонии ҷудои Осиё дар Тайланд
Музокироти сеюми Эрон ва Амрико. Ҷонибҳо онро “хеле ҷиддитар аз гузашта” тавсиф карданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста