Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳи омодагиву тадорукот ва баргузории вохӯрии ниҳоии Чемпионати Аврупо оид ба футбол дар шаҳри Киев баҳои баланд дод.
«Украина сатҳи баланди омодагӣ ва тадорукотро зоҳир сохт. Фаъолияти тамоми хадамот, аз ҷумла таъмини амнияту хизматгузорӣ дар сатҳи баланд ба роҳ монда шуда буд», - гуфт сарвари давлати Тоҷикистон зимни мулоқот бо президенти Украина Виктор Янукович.
Дар ҳамин ҳол, Виктор янукович зикр кардааст, ки ҳангоми Чемпионати Аврупо оид ба футбол тамоми меҳмонон мутамин гаштанд, ки Украина як давлати муосири аврупоӣ аст.
«Мухлисоне, ки аз тамоми кишварҳои Аврупо ба Украина омада буданд, хушҳолу бо табъи болида ба ватан бармегарданд. Онҳо худ боварӣ ҳосил карданд, ки Украина давлати муосири аврупоӣ буда, дар ин ҷо мардуми хайрхоҳу меҳмондӯст кору зиндагӣ мекунанд», - изҳор доштааст сарвари давлати Украина ва зикр кардааст, ки ин яке аз натиҷаҳои асосии дар Украина баргузор намудани чунин як чорабинии варзишии бузургмиқёс аст.
Янукович афзудааст, иншооти зербиное, ки дар доираи омодагӣ ба Чемпионати Аврупо бунёд шудаанд, ба наслҳои ояндаи шаҳрвандони кишвар хизмат хоҳанд кард. «Ин сармоягузорӣ ба оянда аст», - таъкид сохтааст ӯ.




Гузориш аз “Шаҳри ҷаҳонии сӯзанидӯзӣ”. Қиссаи зане, ки бо сӯзану ришта нақш меофарад
Вазорати нақлиёт гуфтааст, теъдоде аз ширкатҳои нақлиётӣ дар Тоҷикистон талаботи иҷозатномадиҳиро риоя накардаанд
Оғози мулоқоти рӯ ба рӯ. Мансабдорони тоҷик ба суолҳои рӯзноманигорон посух медиҳанд
Барқ дар Тоҷикистон гарон мешавад. Болоравии арзиши барқ ба зиндагии мардум чӣ таъсир мерасонад?
Шикасти футзалбозону пирӯзии футболбозони Тоҷикистон
Ҷазо барои “гурез” аз пардохти андоз ва чанд қоидавайронкунии дигари андоз сангинтар шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 январи соли 2026
Талош барои оғози зиндагии нав. Баъди як моҳи куштори Қобилҷон Алиев, модар ва додараш чӣ ҳол доранд?
Аз “лимит”-и барқ то интернети заиф. Мақомот монеаҳо дар татбиқи “Барномаи миёнамуҳлати рушд - 2021-2025”-ро гуфтанд
Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста