Рӯзҳои 4-6-уми январи соли равон дар шаҳри Тошканд мусобиқаи байнулмилалӣ оид ба дзюдо миёни паҳлавонони соли таваллудашон 1996-97 барпо гардид.
Тавре сухангӯи Кумитаи милллии олимпии ҷумҳурӣ Муродалӣ Тешаве хабар дод, дар мусобиқаи мазкур варзишгарони кишварҳои ҳамсоя ширкат варзида, Тоҷикистонро бо пешбарии Федератсияи дзюдои кишвар паҳлавонони наврас дар қатори зиёда аз 100 иштирокчӣ намояндагӣ карданд.
«Баъди қувваозмоиҳои 2-рӯза варзишгарони тоҷик - Эраҷ Абдуллоев дар вазни 55 кг, Умед Абдураҳмонов дар вазни 60 кг, Расул Саидов дар вазни 73 кг ва Суҳроб Давлатзода дар вазни +90 кг барандагони медалҳои тило гардиданд», - гуфт ӯ.
Ба қавли номбурда, инчунин Юсуф Каримов дар вазни 73 кг зинаи дуюм ва Сироншо Меҳрубоншоев дар вазни 60 кг бо ҳамроҳии Суруш Каримов дар вазни 73 кг мақоми сеюмро ишғол намуданд.




Вакилони парлумон қонунеро қабул карданд, ки барои воридоти аккумулятор пули “утилизатсия” ситонида мешавад
Нокомии ҷудокорони тоҷик дар “Tokyo Grand Slam 2025”. Онҳо аз Ҷопон бемедал бармегарданд
КҲФ марги як зану шавҳар дар Рашт бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ангиштро тасдиқ кард
Таъини ҷазо барои истеҳсоли “криптовалюта” бо истифода аз “барқи дуздӣ”
Марги як корманди пешини ҳукумати Исфара ҳамроҳи ҳамсар ва духтараш дар пайи заҳролудшавӣ
Дар Тоҷикистон чеҳраи нафақахӯронро шиносоӣ мекунанд
Муҳаммад Наимов баъди шикаст аз намояндаи Бразилия дар "UFC 323" чӣ қадар маблағ гирифт?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 37
Мақомот сӯхтор дар ҳудуди бозори “Корвон"-ро шарҳ доданд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста