Дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи дзюдо, ки рӯзи 25-уми август дар шаҳри Челябински Русия шурӯъ шуд, беш аз 700 варзишгар (мардону занон) аз 110 кишвар ширкат доранд.
Бино ба маълумоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар сабқати инфиродӣ мардону занон барои 14 маҷмӯи медалҳо (7 вазн миёни мардон ва 7 вазн байни занон) мубориза мебаранд. Инчунин барои ду маҷмӯи медалҳо сабқати дастаӣ баргузор мешавад. Мусобиқа то рӯзи 31-уми август идома хоҳад кард.
Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон 9 варзишгар шомиланд: Каъбатулло Аминов (60 кг), Расул Абдушарифов (66 кг), Самандар Қаландаров (66 кг), Саидмухтор Расулов (73 кг), Фарход Раҳимов (81 кг), Комроншоҳи Устопириён (90 кг), Саидҷалол Саидов (90 кг), Дадахон Қурбоналиев (100 кг) ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (+100 кг).
Рӯзҳои 25-ум ва 26-уми август паҳлавонони тоҷик Каъбатулло Аминов ва Расул Абдушарифов дар рақобатҳои инфиродӣ дар вазни худ ширкат карданд, вале аз ҳаққи мубориза барои медалҳо маҳрум шуданд.
Баъди натиҷагирии ду рӯзи мусобиқа дар Челябинск дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Ҷопон бо касби ду медали тилло ва ду нуқра пешсаф аст.
Мувофиқи барномаи мусобиқа, рӯзи 27-уми август мардон дар вазни то 73кг, занон дар вазни то 57 кг; 28-уми август мардон дар вазни то 81 кг, занон дар вазни то 63 кг; рӯзи 29-уми август мардон дар вазни то 90 кг, занон дар вазни 70 ва 78 кг ва рӯзи 30-юми август мардон дар вазни то 100 кг ва беш аз 100 кг, занон дар вазни беш аз 78 кг рақобат мекунанд. Сабқати дастаӣ рӯзи якшанбе, 31-уми август, барпо мегардад.




Эмомалӣ Раҳмон 47-умин солгарди Инқилоби исломии Эронро ба Масъуд Пизишкиён ва эрониён табрик гуфтааст
“Ситораи дар ҳоли тулуъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 22
Зимистони гарм дар Тоҷикистон чӣ паёмадҳо дорад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 феврали соли 2026
Терминали куҳнаи фурудгоҳи Душанбе тахриб ва ба ҷои он терминали нав сохта мешавад
Тоҷикистон аз ҳисоби захираҳои дохилӣ маблағгузорӣ ба нерӯгоҳи “Роғун”-ро зиёд мекунад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 феврали соли 2026
Тоҷикистон ва Афғонистон. Вазири корҳои хориҷӣ сатҳи равобити кунуниро шарҳ дод
Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста