Дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи дзюдо 4 дзюдочии тоҷик ба нокомӣ дучор шуданд.
Бино ба итттилои Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, дар қувваозмоиҳои рӯзҳои 25-27-уми август паҳлавонони тоҷик Каъбатулло Аминов (вазни 60 кило), Расул Абдушарифов (66 кило), Самандар Қаландаров (66 кило) ва Саидмухтор Расулов (73 кило) дар рақобатҳои инфиродӣ дар вазни худ ширкат карда,, вале аз ҳаққи мубориза барои медалҳо маҳрум шуданд.
Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон 9 варзишгар шомиланд: Каъбатулло Аминов (60 кг), Расул Абдушарифов (66 кг), Самандар Қаландаров (66 кг), Саидмухтор Расулов (73 кг), Фарход Раҳимов (81 кг), Комроншоҳи Устопириён (90 кг), Саидҷалол Саидов (90 кг), Дадахон Қурбоналиев (100 кг) ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (+100 кг).
Дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи дзюдо, ки рӯзи 25-уми август дар шаҳри Челябински Русия шурӯъ шуд, беш аз 700 варзишгар (мардону занон) аз 110 кишвар ширкат доранд. Дар сабқати инфиродӣ мардону занон барои 14 маҷмӯи медалҳо (7 вазн миёни мардон ва 7 вазн байни занон) мубориза мебаранд. Инчунин сабқати дастаӣ барои ду маҷмӯи медалҳо баргузор мешавад. Мусобиқа то рӯзи 31-уми август идома хоҳад кард.
Баъди натиҷагирии се рӯзи мусобиқа дар Челябинск дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Ҷопон бо касби чор медали тилло, ду нуқра ва як биринҷӣ пешсаф аст.




"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 22
Зимистони гарм дар Тоҷикистон чӣ паёмадҳо дорад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 феврали соли 2026
Терминали куҳнаи фурудгоҳи Душанбе тахриб ва ба ҷои он терминали нав сохта мешавад
Тоҷикистон аз ҳисоби захираҳои дохилӣ маблағгузорӣ ба нерӯгоҳи “Роғун”-ро зиёд мекунад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 феврали соли 2026
Тоҷикистон ва Афғонистон. Вазири корҳои хориҷӣ сатҳи равобити кунуниро шарҳ дод
Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”
Аз “Нони шарикӣ” то “Чароғафрӯзон”. Кадом асарҳо барои дарёфти Ҷоизаи Рӯдакӣ дар соли 2026 пешбарӣ шуданд?
Эмомалӣ Раҳмон ҳамлаи интиҳорӣ ба масҷиде дар Покистонро маҳкум кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста