Имрӯз дар фурудгоҳи пойтахт маросими пуршукӯҳи пешвози қаҳрамони Бозиҳои XVII-уми осиёӣ дар Инчхон, гурзандози маъруфи тоҷик Дилшод Назаров доир гардид.
Дар вохӯрии мазкур намояндагони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҷумҳурӣ, кормандони Федератсияи варзиши сабуки ҶТ, Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ, рӯзноманигорон, дӯстон ва хешону наздикони варзишгар ҳузур доштанд.
Дар посух ба саволҳои сершумори рӯзноманигорон Дилшод Назаров зикр кард, ки ӯ ба ғалабаи худ бовар дошт: «Ман ба даст овардани медали тилло дар ин бозиҳоро дар нақша доштам ва ин пирӯзиро ба тамоми мардуми Тоҷикистон мебахшам. Ин медал мукофот барои саросари кишвар аст».
Аммо Дилшод бар ин назар аст, ки нишондиҳандаи бадастовардаи ӯ дар Инчхон барои қитъаи Осиё натиҷаи маъмулӣ буда, вале дар сатҳи ҷаҳонӣ нокофӣ аст. «То Бозиҳои олимпӣ дар Рио-де-Жанейро боз ду сол вақт боқӣ монда, барои беҳтар кардани ин натиҷа кӯшиш ба харҷ додан зарур аст», - гуфт варзишгар.
Дилшод Назаров изҳори умедворӣ намуд, ки то анҷоми Бозиҳои XVII-уми осиёӣ дар Инчхон, ки боз се рӯзи дигар идома меёбанд, дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба ноил гардидан боз ба як медали дигар имкон дорад. То охири бозиҳо дар навъҳои варзиши таэвондо, карате ва гӯштии классикӣ рақобатҳо сурат мегиранд.
Дилшод Назаров дар Бозиҳои осиёии соли 2006 ва 2010 низ медали тилло ба даст оварда, пирӯзии сеюми пайдарайи ӯ рӯйдоди нодир дар варзиши ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад. Дар Бозиҳои Инчхон Дилшод Назаров бо натиҷаи 76 метру 82 сантиметр пирӯз шуд.




“Ситораи дар ҳоли тулуъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 22
Зимистони гарм дар Тоҷикистон чӣ паёмадҳо дорад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 феврали соли 2026
Терминали куҳнаи фурудгоҳи Душанбе тахриб ва ба ҷои он терминали нав сохта мешавад
Тоҷикистон аз ҳисоби захираҳои дохилӣ маблағгузорӣ ба нерӯгоҳи “Роғун”-ро зиёд мекунад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 феврали соли 2026
Тоҷикистон ва Афғонистон. Вазири корҳои хориҷӣ сатҳи равобити кунуниро шарҳ дод
Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”
Аз “Нони шарикӣ” то “Чароғафрӯзон”. Кадом асарҳо барои дарёфти Ҷоизаи Рӯдакӣ дар соли 2026 пешбарӣ шуданд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста