Дар мусобиқаи байнулмилалии бокс ба хотираи устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ Дмитрий Панов дар Новосибирск муштзани тоҷик Сиёвуш Зуҳуров ба дарёфти медали тилло шарафёб гардид.

Аз 29 октябр то 2 ноябр дар шаҳри Новосибиски Русия Мусобиқаи XVIII кушоди умумирусиягӣ оид ба бокс ба хотираи устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ Дмитрий Панов баргузор шуд.

Дар ин мусобиқа 130 варзишгар аз чордаҳ минтақаи Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ рақобат карданд.

Дар вазни +91 варзишгари тоҷик Сиёвуш Зуҳуров маҳорати хуб нишон дода, ба гирифтани медали тиллои мусобиқа ноил гардид.

Ба гуфтаи мураббии муштзан Парвиз Аҳмадов, қаблан Сиёвуш ду маротиба дар ин мусобиқа иштирок ва ду дафъа зинаи дуюмро ишғол карда буд.

Сиёвуш Зуҳуров писари сардори Хадмоти алоқаи Тоҷикистон Бег Сабур мебошад. Муштзани 25-сола акнун ба мусобиқаҳои нав омода мешавад.

- Оянда дар мусобиқаи байнулмилалии Истанбул ва Ҷоми ҷаҳон байни кишварҳои истеҳсолкунандаи нафт дар Югра иштирок карданием, - мегӯяд мураббии варзишгар. - Аввали соли оянда мусобиқаҳои асосӣ барои Сиёвуш оғоз мегарданд. Моҳи феврал дар Чин мусобиқаи интихобӣ барои Бозиҳои олимпии Токио-2020 баргузор мешавад.

Парвиз Аҳмадов изҳор дошт, ки вазифаи онҳо дарёфти роҳхат ба Олимпиада буда, Сиёвуш бо ҳамаи ҳарифони имконпазираш аллакай рақобат кардааст.

“Мо ҳамаи онҳоро хуб омӯхтем ва пас аз қуръапартоӣ ҳар кадомеро боз алоҳида меомӯзем. Умедворем, ки дарёфти роҳхати Олимпиада ба Сиёвуш муяссар мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.