Дар арафаи Рӯзи Модарон мусобиқаи вилоятии волейбол байни дастаҳои бонувон дар шаҳри Бохтар баргузор шуд. Дар он 13 даста аз шаҳру навоҳии вилояти Хатлон иштирок карданд.

Сардовари мусобиқа Рустам Давлатшоев ба “Азия-Плюс” гуфт, ки чорабинии мазкур бо ибтикори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон гузаронида шуд.

Мусобиқаро муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ ва сардори Раёсати ҷавонон ва варзиш Фариза Абдуллозода ифтитоҳ бахшиданд.

Фирӯза Шарифӣ зимни суханронӣ изҳор дошт: “Имрӯз духтарону бонувони тоҷик рӯ ба варзиш оварда, баҳри солимии худ кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Ҳамзамон дар баробари мардон шарафи вилоят ва кишварро дар мусобиқаҳои гуногуни ҷумҳуриявию байнулминалӣ баланд мебардоранд”.

Дар ҷараёни мусобиқа дастаҳои ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ - 1 ва 2, инчунин тими шаҳри Норак маҳорати хуб нишон доданд.

1/11

Ҷойи аввал насиби дастаи волейболи Балхӣ-2 гардид. Мақоми дуюмро дастаи Балхӣ-1 ва ҷойи сеюмро тими шаҳри Норак соҳиб шуданд.

Дар ҷамъбасти мусобиқа сардори Раёсати ҷавонон ва варзиш Фариза Абдуллозода ва сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон Раъно Раҳимзода ба ғолибони мусобиқа медалу туҳфаҳои хотиравӣ супурданд

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.