Дар раддабандии Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) байни дастаҳо мавқеи тими “Истиқлол”-и Душанбе якбора 20 зина боло рафт.

Тавре дафтари матбуоти даста хабар медиҳад, пас аз ду бозӣ дар мусобиқаи даври интихобии Лигаи чемпмионҳои КФО бо дастаҳои “Локомотив”-и Ӯзбекистон (1:0) ва “Ал-Аҳли”-и Арабистони Саудӣ (0:1), инчунин ғалаба дар мусобиқаи Ҷоми КФО дар вохӯрӣ бо тими “Хуҷанд” (Хуҷанд), дар ин рейтинги КФО “Истиқлол” соҳиби 34,6 хол буда зинаи 34-ум (+20 мавқеъ,+4,79 хол)-ро ишғол мекунад.

Дар рейтинги навшудаи КФО байни дастаҳо 170 тим аз қораи Осиё зикр шудааст. Ҷойҳои рақибони “Истиқлол” дар мусобиқаи Ҷоми КФО-2020 тариқи зайл аст: 51. «Олтин Асир» (Туркманистон) – 29,27 хол, 93. «Хуҷанд» (Тоҷикистон) – 13,04 хол, 110. «Дордой» (Қирғизистон) – 9,39 хол.

Байни дастаҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дастаи “Локомотив”-и Тошканд бо касби 39,01 хол дар зинаи болотар – 27-ум қарор дорад.

Панҷгонаи беҳтарин дастаҳои Осиё аз «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ, зинаи 1-ум, 107,00 хол), «Касима Антлерс» (Ҷопон, зинаи 2-юм, 102,50 хол), «Шанхай СИПГ» (Чин, зинаи 3-юм, 100,66 хол), «Ал-Дуҳайл» (Қатар, зинаи 4-ум, 93,76 хол) ва «Ал-Аҳли» (Арабистони Саудӣ, зинаи 5-ум, 91 хол) иборат аст.

Дар раддабандии моҳи ноябри соли гузашта дастаи “Истиқлол” бо касби 29.77 хол дар зинаи 54-ум қарор дошт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.