Бозӣ барои дарёфти Суперҷоми футболи Тоҷикистон-2020 байни дастаи қаҳрамони амалкунанда ва дорандаи Ҷоми миллӣ – “Истиқлол”-и Душанбе ва дастаи дорандаи медалҳои нуқраи чемпионат – “Хуҷанд”-и Хуҷанд рӯзи 4-уми апрел (оғози вохӯрӣ соати 17:00) дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир мегардад.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, бозӣ барои дарёфти Суперҷоми футболи Тоҷикистон бори 11-ум баргузор мешавад.

Бозӣ барои дарёфти Суперҷоми футболи Тоҷикистон аз соли 2010 баргузор шуда, дастаи “Истиқлол” 8 маротиба соҳиби он шудааст: солҳои 2010, 2011, 2012, 2014, 2015, 2016, 2018 ва 2019. Соли 2013 дастаи “Равшан”-и Кӯлоб  ва соли 2017 дастаи “Ҳосилот”-и Фархор соҳиби Суперҷоми футболи Тоҷикистон шуданд.

Дар ҳамин ҳол, Лигаи футболи Тоҷикистон эълон кард, ки Чемпионати 29-уми Лигаи олии футболи мамлакат рӯзи 5-уми апрел оғоз мешавад.

Дар мавсими нав дар ин мусобиқа 10 даста иштирок мекунанд: «Истиқлол» (Душанбе), «Хуҷанд» (Хуҷанд), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), КМВА (ЦСКА, Душанбе), «Кӯктош» (Рӯдакӣ), «Истаравшан» (Истаравшан), «Хатлон» (Бохтар), ҳамчунин дастаҳои нав – «Локомотив-Помир» (Душанбе), «Файзқанд» (Восеъ) ва «Душанбе-83» (Душанбе).

Чемпионати Лигаи олии футболи Тоҷикистон дар се давр доир гардида, ҳар кадоме аз дастаҳо 27 вохӯрӣ мегузаронанд.

Дар даври аввал рӯзи 5-уми апрел апрел 3 вохӯрӣ баргузор мешавад: «Локомотив-Помир» – «Файзқанд», «Хатлон» – «Истаравшан» ва «Кӯктош» – «Регар-ТадАЗ». Боз ду бозии дигар рӯзи 8-уми апрел доир мегардад: «Душанбе-83» – «Истиқлол» и КМВА (ЦСКА) – «Хуҷанд».

Дар Федератсияи футболи ҷумҳурӣ зикр карданд, ки “алҳол бе ҳузури тамошобинон доир гардидани бозиҳо ё бекор шудани онҳо маълум нест”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.