Довталабони асосии дарёфти унвони қаҳрамонӣ дар Чемпионати имсолаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон – дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва “Хуҷанд”-и Хуҷанд мусобиқаро бо ғалаба дар меҳмонӣ оғоз карданд.

Тавре Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар даври аввали чемпионат “Хуҷанд” дар Душанбе дастаи КМВА (ССКА)-ро бо ҳисоби 3 бар 1 мағлуб карда, “Истиқлол” бо ҳисоби калони 7 бар 0 бар тими “Душанбе-83” дастболо шуд.

Ёдрас мекунем, ки бозиҳои дигари даври аввали Чемпионати лигаи олии футболи Тоҷикистон бо натиҷаҳои зайл анҷом ёфтанд: «Локомотив-Помир» – «Файзканд» – 2:2; «Хатлон» – «Истаравшан» – 2:1 ва «Кӯктош» – «Регар-ТадАЗ» – 0:0.

Ёдрас мекунем, ки дар мусобиқаи Чемпионати имсолаи футбол байни дастаҳои Лигаи олии Тоҷикистон 10 даста ширкат варзида, 3 давр гузаронида мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.