Даври дуюми Чемпионати футболи Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олии мамлакат ба охир расид.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, дар садри ҷадвали чемпионат ду даста – “Истиқлол” ва “Хатлон” бо касби 6 холи имконпазир қарор гирифтанд.

Гуфта мешавад, дар ин давр “Истиқлол” дар Душанбе тими КМВА (ССКА)-ро дар майдони худ қабул карда, бо ҳисоби 2 бар 0 ва “Хатлон” дар меҳмонӣ бар дастаи “Хуҷанд” бо ҳисоби 3 бар 2 дастболо шуданд.

Натиҷаи бозиҳои дигари давраи дуюм, ки як рӯз пеш баргузор гардида буданд, чунинанд: «Локомотив-Помир» – «Душанбе-83» – 1:0; «Истаравшан» – «Кӯктош» – 0:3 ва «Файзканд» – «Регар-ТадАЗ» – 3:2.

Бозиҳои даври сеюм рӯзҳои 18 ва 19 апрел баргузор мешаванд: «Душанбе-83» – «Файзканд», «Регар-ТадАЗ» – «Истаравшан» (18 апрел), КМВА – «Локомотив-Помир», «Хатлон» – «Истиқлол» ва «Кӯктош» – «Хуҷанд» (19 апрел).

Ҷадвали мусобиқа пас аз ду давр

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т

Х

1

«Истиқлол» (Душанбе)

2

2

0

0

9-0

6

2

«Хатлон» (Бохтар)

2

2

0

0

5-3

6

3

«Кӯктош» (Рудаки)

2

1

1

0

3-0

4

4

«Файзканд» (Восеъ)

2

1

1

0

5-4

4

5

«Локомотив-Помир» (Душанбе)

2

1

1

0

3-2

4

6

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

2

1

0

1

5-4

3

7

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

2

0

1

1

2-3

1

8

КМВА (Душанбе)

2

0

0

2

1-5

0

9

«Истаравшан» (Истаравшан)

2

0

0

2

1-5

0

10

«Душанбе-83» (Душанбе)

2

0

0

2

0-8

0

Нишонзанҳои беҳтарин: Манучеҳр Ҷалилов, Шериддин Бобоев (ҳар ду – «Истиқлол») – 3 тӯбӣ, Алишер Ҷалилов («Истиқлол»), Парвиз Боқӣ-Охунов («Хатлон») – 2 тӯбӣ.