Бо ташаббуси раиси Федератсияи футболи вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дастаҳои футбол, ки дар лигаи дуюми чемпионати Тоҷикистон иштирок хоҳанд кард, аз пардохти ҳаққи узвият дар мавсими имсола озод шуданд.
Ба гуфтаи Фаромуз Бобоев, роҳбари маркази матбуоти Федератсияи футболи вилояти Хатлон, сабаби чунин тасмим ба хотири пеш омадани буҳрони молиявӣ дар пайи пандемия мебошад.
“Аз сабаби хуруҷи бемории COVID-19 дар қаламрави кишвар ва ба буҳрони иқтисодӣ рӯ ба рӯ шудани шаҳру ноҳияҳои вилоят, бо ташаббуси раиси Федератсяи футболи вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода Чемпионати имсола оид ба футбол байни дастаҳои лигаи дуюм бе пардохти ҳаққи узвият ва дархостӣ гузаронида мешавад”, - иброз дошт Бобоев.
Вай афзуд, ки давраи аввали чемпионат байни дастаҳои лигаи дуюм 6-уми июли соли равон оғоз хоҳад шуд. Маросими қуръакашии мавсими нави Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи дуюми вилояти Хатлон рӯзи 30-юми июн дар шаҳри Бохтар баргузор мешавад.
Манбаъ илова кард, ки имсол эҳтимол шумораи дастаҳо дар лигаи дуюм зиёд шавад. Дар чемпионати гузаштаи лигаи дуюм 12 даста иштирок карданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Гулистон
Иштироки намояндагони Тоҷикистон дар форуми сайёҳӣ дар Кореяи Ҷанубӣ
Тоҷикистон дар семоҳаи аввал ба ҳамсояҳо қариб ба 7,2 млн доллар барқ фурӯхт
Миёни ду донишгоҳу донишкадаи Тоҷикистон ва нӯҳ донишгоҳи Ӯзбекистон созишнома имзо шуд
Бинои нави Сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд
Дар 10 минтақаи Русия фаъолияти муҳоҷирон дар баъзе соҳаҳоро манъ карданд
“Чанд ҳавопаймои бесарнишин сарнагун шуд”. Исроил ба Эрон ҳамлаи ҷавобӣ кард?
Ирсоли 3,5 ҳазор тонна кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба осебдидагони Қазоқистон
Тақсими об дар Осиёи Марказӣ: барои обёрӣ ва баҳри Арал
Ҳабси маъмурӣ ва маҳрумият аз ронандагӣ. Вокуниш ба навори “Азия-Плюс”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста