Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ бонувони дастаи “Хатлон”-и шаҳри Бохтарро сазовори унвони “Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба футбол” донист.

Дар ин бора хадамоти матбуоти Федератсияи футболи вилояти Хатлон хабар додааст. Гуфта мешавад, ки тими занонаи “Хатлон” дар Чемпионати қаблии Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи бонувон соҳиби ҷойи аввал гардида буд.

Дастаи мазкур зери роҳбарии мураббӣ Ашур Гадоев дар мавсими гузашта дар 18 бозӣ 16 пирӯзӣ ба даст овардааст ва як бозиро мусовӣ анҷом дода, як бозиро бохтааст. Дар натиҷа бо 49 имтиёз ҷойи аввалро ишғол карда, соҳиби медали тилло ва ҷоми футболи кишвар шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.